Рушди саноат –тақозои замон
Тибқи нақшаи ҳафтаинаи китобхонаи илмӣ дар ҳамҷоягӣ бо кафедраи назарияи иқтисод дар толори китобхонаи илмии донишгоҳ бахшида ба солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» таҳти унвони «Рушди саноат –тақозои замон » мизи мудаввар баргузор гардид.
Сараввал профессори кафедраи назарияи иқтисод бо маърӯзаи “Ҷабҳаҳои асосии иқтисодии паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” баромад намуд. Иброз шуд, ки дар шароити имрӯзаи пешрафти саноат яке аз соҳаҳои муҳим рушди иқтисоди миллӣ маҳсуб ёфта, таъмин намудани рушди босуръати он вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
Сипас устоди кафедраи назарияи иқтисод Назаров Х. Баромад кард. Қайд гардид, ки баҳри ободии Ватан ва рушду нумӯъ ёфтани Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ҷавонон бояд кӯшиш намоянд, ки дониши мукаммал гирифта, мутахассисони баландихтисос гарданд. Баҳри ободию рушди давлатамон саҳми арзанда гузоранд ва аз ватану фарҳанги худ ифтихор карда онро дӯст доранд.
Тибқи барнома маърӯзачии навбатӣ донишҷӯи бахши 1–уми факултети молия Турсунова Ш. бо маърӯзаи “Амалишавии паёми Пешвои миллат–тақозои замон баромад намуд”. Ӯ гуфт, ки амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар, имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад.
Баъдан донишҷӯи бахши 2–юми факултети сиёсатшиносӣ Қобилов Р. бо маърӯзаи “Паём кафили рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” баромад намуд. Қайд карда шуд, ки дар солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри расидан ба яке аз самтҳои стратегии давлат, яъне саноатикунонии босуръат корҳои зиёд амалӣ мешаванд.
Ҳамчунин дар мизи мудаввар доктори илмҳои иқтисодӣ Абдуқодиров Х.А. баромад кард. Ӯ аз сарчашмаҳои оморӣ бо тариқи слайд ба аҳли нишаст маълумот дода гуфт, ки беш аз 2000 км роҳҳо асфалтпӯш гардиданд, музди меҳнати шаҳрвандон 87 %, нафақа 80% боло рафта сатҳи камбизоатӣ низ 26% паст рафт, инчунин ҳаҷми истеҳсолоти кишоварзӣ ва ҳаҷми сармоягузорӣ ба маротиб афзуд.
Дар фарҷом донишҷӯи бахши 2–юми факултети ҳуқуқшиносӣ Абдуқаюм Нақибхон маводҳое, ки ба мавзӯи саноатикунонии босуръати кишвар вобаста мебошанд маълумот дода онро муаррифӣ кард.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа


