Ғолибияти донишҷӯёни донишгоҳ дар Фестивал-озмуни шаҳрии “Сад ранги чакан”

Дар даври шаҳрии Фестивал-озмуни “Сад ранги чакан” се нафар донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Муслимахон Пӯлотова дар номинатсияи “Намоиши либоси рӯзмарра”, Сафия Додоҷонова дар номинатсияи “Либоси қадимаи чакан” ва Озода Мирфозилова дар номинатсияи “Либоси маросимӣ ва идона” сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Ҷоиз ба зикр аст, Фестивал-озмуни «Сад ранги чакан» ҳамасола бо мақсади эҳтирому арҷгузорӣ ба мероси пурғановати таърихию фарҳангии миллати тоҷик дар иртибот ба эътироф гардидани яке аз намунаҳои гулдӯзии қадимаи тоҷикон-чакан ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддии башарият баргузор мегардад.

Ғолибони даври шаҳрии озмуни мазкур ба даври вилоятии озмуни “Сад ранги чакан” роҳхат гирифтанд.

Ба ғолибон диплом ва сипосномаҳои раиси шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.

 

You might also like