ДДҲБСТ: Озмун барои дарёфти Стипендияи раёсати донишгоҳ
Панҷ сол мешавад, ки бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар донишгоҳ Стипендияи раёсати донишгоҳ роҳандозӣ гардида, донишҷӯёни фаъол ба гирифтани он шарафёб мешаванд.
Дар доираи Моҳвораи ҷавонон имрӯз озмуни мазкур доир гардид. Донишҷӯён аз ҳама факултетҳои донишгоҳ барои соҳиб шудан ба Стипендияи раёсати донишгоҳ дар озмун ширкат варзиданд. Дар озмун наздик сад нафар донишҷӯён ва хонандагони литсейи донишгоҳ иштирок намуда, ҳайъати ҳакамон аз рӯи шартҳои худмуаррифӣ, сатҳи забондонӣ, сатҳи дониши сиёсию ҳуқуқӣ ва сатҳи донишҳои тахассусӣ ба довталабон баҳогузорӣ карданд.
Озмуни барои гирифтани Стипендияи раёсати донишгоҳ бо мақсади дарёфт ва ҳафасмандгардонии хонандагон, донишҷӯёну магистрантон, ки давоми таҳсил ба дастовардҳои назаррас соҳиб шуда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд ва бо фаъолияти хеш дар баланд бардоштани обрӯву нуфузи донишгоҳ ҳиссагузорӣ менамоянд, таъсис дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки тибқи муқаррароти низомнома нахуст озмуни мазкур дар сатҳи факултетҳо доир гардида, сипас дар раёсати донишгоҳ баргузор мешавад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа








