ҶАВОНОН ОЯНДАИ МИЛЛАТАНД

Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст. Тайи солҳои 2011–2020-ум дар кишвар қариб 3000 иншооти варзиш сохта шудааст. Аз шумораи умумии иншооти ба ифтихори 30–солагии истиқлоли давлатӣ сохташуда 23 фоизашро иншооти соҳаи варзиш ташкил медиҳад, ки ин натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату Ҳукумат, пеш аз ҳама, ба наврасону ҷавонон мебошад. Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид кардаанд ва имрӯзҳо бори дигар бо ифтихор иброз медоранд, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд. Сарвари давлат ҳамеша дар баромадашон ќайд менамоянд, ки: «Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонем. Љавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳм мегузоранд. Сарвари давлат таъкид менамонд, ки: «Мо дар ҳазорсолаи сеюм ва асри пешрафти бесобиқаи илму технологияҳо, яъне дар асре, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёт тавассути саводу дониш ва илму технологияҳо идора карда мешаванд, зиндагӣ дорем». Барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад.

Зеро бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад. Сарвари давлат такроран хотирнишон месозанд, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад. Бинобар ин, падару модарон бояд шароит муҳайё созанд, ки наврасону ҷавонон, чи духтару чи писар бояд хонанд, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд. Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад.

Баръакс касе, ки илму дониш ва касбу ҳунар дорад, дар зиндагӣ ҳаргиз хору зор ва ба касе муҳтоҷ намешавад ва умри бобаракат мебинад.

 

Мирмаматова Р. А. – омўзгори кафедраи муносибатҳои байналхалќии ДДҲБСТ

You might also like