ЭЙ ҲАМВАТАН АЗ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ВАТАНФУРӮШОН ОГОҲ БОШ!

Аз таърих маълуму равшан аст, ки баъди пойдор гардидани сулҳу субот дар Тоҷикистон боз қонуншиканиҳои хоинони кишвар ва хоҷагони ҳизби наҳзати ислом пайдо шуданд, ки бо мақсадҳои ғаризонаи худ мехостанд ин тинҷиву сулҳу суботи мамлакат халалдор намоянд ва қувваҳои берунаи манфиатдор рӯз аз рӯз афзун ошкор шуда истодааст.

Дар замони муосир шаклҳои зиёди экстремизм муайян гардидаанд, ки ҳар яке аз ин шаклҳо дорои хусусияти худ мебошанд, аммо онҳоро хусусиятҳои тафриқаангезӣ, ноором кардани вазъи кишвар ва дигар ҳадафҳо бо ҳам мепайвандад. Айни замон чандин гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки бисёр шаҳрвандони кишвари мо дар хориҷи кишвар дар муҳоҷират, дур аз назорати волидон қарор доранд ва ба қавле, каме беаҳамиятӣ, беназоратӣ ба тақдири онҳо метавонад боис шавад, ки онон фирефтаи доми гурӯҳҳои ифротӣ гарданд. Ҷавонони имрӯза ба маконҳои ҷангзадаю харобгардида назар афканда, худ бояд эҳсос намоянд, ки ин хунрезию ҷаҳолат маҳз туфайли амалҳои нопоки террористону экстремистон ба вуқӯъ омадааст. Чунин гурӯҳҳо намехоҳанд, ки мардум дар тинҷию осоиштагӣ умр ба сар баранд.

Имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвар, ки ифтихори миллӣ дорад, бояд барои пешгирӣ аз паҳншавии ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа ҷидду ҷаҳд намояд.

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки террорист ватан, миллат, нажод ва модар надорад. Барои онҳо муқаддасоти оила, ватану ватандорӣ бегона аст. Ва имрӯз ҳар як ҷавононро лозим аст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳимояи кишвар муборизаи беамон баранд.

Мутаассифона, аксарияти муҳоҷирони ҷавоне, ки дар шаҳрҳои Русия кору фаъолият мекунанд, бар асари бетаваҷҷуҳӣ ва фазою муҳити носолимӣ фикрию эҷодӣ ба доми мутаассибони мазҳабӣ меафтанд ва ба сабаби ноогоҳӣ ба мубаллиғони исломи сиёсӣ дар сатҳи хонаводаҳо табдил меёбанд. Нуфуз ва ҳузури хурофоту таассуби мазҳабӣ ба ҳаддест, ки ҷавонони муҳоҷир роҳи худро гум мекунад ва ба доми террористон ватанфурӯшон меафтанд.

Дар ин ҷо тавонем дар бораи собиқ роҳбари “Наҳзати ислом” Кабирӣ мисоли оддӣ орем. М. Кабирӣ ва шахсони ба монанди онҳо ватанфурӯш нобахшанда  ба ҳисоб рафта, барои дарёфти пули бе дарди миён кишвари азизи худро фурӯхтаанд. Ин хел шахсони ватанфурӯш имрӯз худ тарки Ватан карда, ғулому лӯхтаки хоҷагони хориҷии худ шуда, ба зодгоҳ ва обу хоки муқаддаси Ватани беҳиштосои худ санг мепартоянд.

Кабирӣ ва атрофиёни ӯ худро гуё хайрихоҳи ҳамватанон меҳисобанд, дар асл бадхоҳ ва хоини мардуми тоҷик ҳастанд. Зоҳиру ботинии онҳо хеч гоҳ якхела нест ва мақсади асосии онҳо ноором намудани оромии мардум ва сулҳу суботи кишвар аст.

Вале, ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабирӣ ва рафторҳои иғвоангезонаи ӯ ва ҳеҷ гоҳ душманони мардуми тоҷик ва тоҷикистониёнро дастгирӣ наменамоем. Зеро мардуми тоҷик Пешвои худро дорад.

Ҳар як падару модар, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва шахсони масъул ҷавононро, ояндагони миллатро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси баланди худогоҳию ифтихори миллӣ тарбия намоем ва чунин фаъолияти худ ба пешрафти кишварамон ҳиссагузор бошем.

 

Қаюмов Ф.Ғ. – мудири кафедраи иќтисодиёти корхонањо ва минтаќаи ДДҲБСТ

You might also like