ТЭТ ҲНИ ВА ХАТАРИ ОН БА ҶОМЕАИ ТОҶИКИСТОН

Пеш аз оне, ки вобаста ба фаъолияти собиқ ҲНИТ, ки имрузҳо вирди забони ҳар як фарди солимфикр чарх мезанад, мехоҳам фикрамро дар бораи азҳоби сиёсӣ баён дошта бошам.

Дар моддаи 2-и боби 1-и Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» омадааст: Дар зери мафҳуми ҳизби сиёсӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки вазифаи у дар ворид шудан ба ҳаёти сиёсии ҷамъият тариқи таъсис додани гуруҳи шаҳрвандони сиёсӣ, инчунин ба вуҷуд овардани ҳокимият бо воситаи намояндагони худ, фаҳмида мешавад. Ва ё ба тарзи дигар ҳизби сиёсӣ ин иттифоқи ихтиёриест, ки бо аломатҳои идеологӣ асос ёфта, мақсади ба даст овардани ҳокимиятро дорад. Мақсаду вазифаҳои ҳар як ҳизби сиёсӣ дар оиннома ва барномаҳои худ, барои маълумоти умумӣ гуфта шудааст.

Аммо ҳамаи мо тавассути васоити ахбори омма медонем, ки собиқ ҲНИ бо роҳбарии М.Кабирӣ ҳангоми ба таври расмӣ фаъолият доштанаш чи мехост ва кадом амалҳоро ба сари мардуми тоҷик овардани буд!. Аз тарафи кадом давлат мавриди маблағгузорӣ қарор гирифта, супориши кадом давлатро иҷро мекард.

Дар ин росто кайд кардан ба маврид аст, ки дар давраи солҳои 1991 то 1997 дар Вазорати Адлияи ҶТ ва ҷузъу томҳои минтақавии он 8 ҳизби сиёсӣ (ҲКТ, ҲНИТ, ҲДТ, Ҳизби сиёсӣ ва барқароркунии иқтисодӣ, Ҳизби халкӣ, Ҳизби ягонаи халқӣ, Ҳизби ба шаҳрвандон содиқ, (гражданско-патриотическая партия) ҲСТ ва ҳизби адолатхоҳ), 7 ҳаракатҳои сиёсӣ-ҷамъиятӣ ба монанди «Лаъли Бадахшон, Растохез, Ориёнои бузург, Шурои таҷаддуди халқӣ (Совет националчного возраждения), Таҷаддуди халқӣ ва ягона, инчунин 430 ҷамъиятҳои гуногун ба қайд гирифта шуда буданд. Дар асоси пешниҳодоти Прокуратураи Генералии ҶТ соли 1993 бинобар сабаби риоя накардани оинномаҳои ҳизбӣ, ба қонунвайронкуниҳо роҳ додани бархе аз роҳбарон ва аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳо бо Қарори Суди Олии ҶТ фаъолияти ҲНИТ, ҳаракати «Лаъли Бадахшон, ва «Растохез» манъ карда шуда, бо хулосаи баъзе органҳои марбута соли 1995 фаъолияти онҳо боз аз нав барқарор карда шуд.

Умуман ҲНИТ дар Осиёи Марказӣ ягона ҳизби хислати динидошта ба шумор рафта, мақсади асосии он исломигардонии ҷомеъа ва давлат мебошад. Вале онҳо ношукри аз соҳибистиклолӣ ва тинҷию оромӣ дар Тоҷикистон карда, мехостанд, ки солҳои 1992-ро бори дигар дар Ватани худ такрор намоянд.

Агар нисбати М.Кабирӣ гуфтани шавем, мо медонем, ки у ҳамчун соҳибкор ба ишқи пулу мол рафта, чунин шахс метавонад дар як лаҳза Модар-Ватани худро фурушад. Чунин шахсиятҳо ҳеч гоҳ ба манфиати халқу Ватан кор накарда, баръакс ба нафъи худ кор мекунанд. Аз ин ҷост, ки М.Кабирӣ ва ҳаммаслакони у, М.Хайит, Саидумар Ҳусайнӣ ва дигарон, ки айни хол намаки махбусиро мечашанд, мазҳаби худро бар ивази маблағҳои муайян фурӯхта, маҳз бо дастгирии молиявии далатҳои манфиатдори хориҷӣ мехостанд, ки дар Тоҷикистон табадуллотро роҳандозӣ намуда, сохти конститутсиониро фалач гардонанд. Аммо, хушёриву зиракии мардуми ба ору номуси миллат, ва дигар сохторҳои қудративу низомӣ боиси пешгирии ин кирдори нангин гашт.

Имрӯзҳо мо дар сомонаҳои интернетӣ мехонему тамошо мекунем, ки М.Кабирӣ аз мавқеи хориҷа истода, ҳамчун «ватанфуруш» бар зидди давлатдории Тоҷикистон, ки сиёсати имрузаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатамонро дигар кишварҳо омухта, дар кору зиндагиашон мавриди истифода қарор дода истодаанд, зери суоли танқид кашида истодааст. Аммо, халқи баору номуси миллати тоҷик ин гуфтаҳои хоинонро паси сар карда, дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат бо меҳнати ҳалол зиндагиашонро пеш бурда истодаанд.

Аз ВАО бармеояд, ки М.Кабирӣ аслан оиди муҳоҷирони тоҷик суханронӣ намуда, мехоҳад, ки мавқеи худ ва собиқ ҳизбашро дар байни онҳо пурзур намояд. Ба фикри банда агар шахсе, ки дорои маълумот ё касб бошад, дар ҳеҷ куҷо хор намешавад. Бехуда нагуфтаанд, ки «ба як мард чил хунар кам аст».

Аз ин лиҳоз ба ҳамаи хонандагон пешниҳод мекардам, ки бояд мо аҳли солимфикри ҷомеа бояд тамоми кӯшишу имкониятҳоро баҳри илмомузии насли наврас ва ҷавонон равона карда, шомилшавии онҳоро аз чунин ҳизбу равияҳои тундрав ба мисли ҲНИТ, пешгирӣ намоем.

 

Каримов Р.А. – дотсент, мудири кафедраи хадамоти гумрукии ДДҲБСТ
You might also like