КАБИРӢ: ТАҲЛИЛИ НОДУРУСТ ВА ГУМРОҲСОЗИИ ҶАВОНОН

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатӣ ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва озод мебошад. Чӣ хеле ҳамагон медонанд ҷавонони фаъол дар дохилӣ кишвар ва берун аз он ояндаи дурахшони кишвар мебошанд.

Лекин дар бисёр ҳолатҳо баъди мутоилаи рӯзномаву маҷаллаҳо ва саҳифаҳои интернет афсӯс мехӯрам, ки дар ҷамъияти инсонӣ шахсоне, ҳастанд ҳама вақт халалдор ва рушди ин ё он кишварро чашми дид надоранд.

Кабирӣ, ки дар сомонаи Озодӣ ба нашр расидааст хондам ва  таҳлили нодурустӣ ин шахс маро ба ҳайрат гузошт. Мақсади нопоки ин хел душманони миллат ва давлат буд, ки дар Тоҷикиситон ҷанги бародаркушӣ панҷ сол давом ёфт. Мақсади нопоки душманон буд, ки иқтисодиёти кишвар якчанд солҳо қафо монд. Чӣ қадар кӯдакон ятим, падару модарон бефарзанд ва шаҳрвандон бе хонаву дар монданд.

Кабирӣ оиди вохӯрӣ бо ҷавонон боз душманӣ ва кинаву адовати ғаразонаи худро нишон додааст. Ба қавли Кабирӣ гуё ин вохӯрӣ танҳо таърифу Пешвои миллат буд. Кабирӣ дар ин нукта комилан хато мекунад, чунки вохӯрӣ бо ҷавонон баръакс ҷавононро ба ваҳдат ва сулҳ даъват намуд. Мардуми азият кашидаи тоҷик аллакай рӯзҳои вазнинро паси сар кардааст ва барои дурахшонии кишвари азизамон бо ҷавонони соҳибмаърифат ва фарҳангӣ оянда дорад.

Аллакай мо огаҳӣ дорем, ки ҷӣ қадар ҷавонони миллати тоҷик парчамбардори давлати соҳибистиқол дар арсаи ҷаҳонӣ гаштаанд. Ин шаҳодати он аст, ки сулҳу субот ва шароити мусоид худ исботи ин аст.

Бузургони тоҷик фармудаанд:

Ҳофизо, илму адаб варз, ки дар маҷлиси шоҳ,

Ҳар киро нест адаб, лоиқи суҳбат набувад.

Шеъри шоир ба Кабирӣ барин инсонони нопок, беодоб, бетарбия ва бефарҳанг навишта шудааст. Чунки чунин шахсон дар ҷомеаи имрӯзаи инсонӣ ҳуқуқи сухан рондан ва муҳокима карданро надоранд.

Дар охир қайд намуданиам, ки мо набояд ба фикру мулоҳизаҳои душманони миллат диққат диҳем, балки ба сӯи ободиву созмонкорӣ ҳаракат намоем.

 

Дадоматов Д.Н. – мудири кафедраи

баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ

You might also like