ВАТАНРО БОЯД ҲИФЗ НАМУД
Ватан барои ҳар як миллату қавм, аз ҷумла миллати тоҷик хеле азизу меҳрубон мебошад. Муҳаббат ба Ватан аз даврони кўдакӣ зоҳир шуда ва минбаъд бо афзоиши инсон он пурқувват шудан мегирад. Қайд кардан зарур аст, ки Тоҷикистон бесариҳою бесомониро аз сари худ гузаронида, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшидааст, ки айни ҳол мардуми тоҷик ба сулҳу субот ва оромию осоиштагии кишварамон шукрона намуда истодаанд.
Мутаасифона вақтҳои охир бо тарақи ёфтани системаи иттилоотӣ гурўҳҳои экстримистию террористӣ истифода аз он карда дар ҳаргуна сомонаҳо ҷавононро ҷалб намуда, ба гурўҳҳои худ шомил мекунанад. Ҷавонони фирефташуда ба доми онҳо афтида бовар мекунанд, ки барои амалҳои минбаъдаи кардаашон маблаѓҳои зиёд мегиранд. Аммо таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки ҳолат баръакс мегардад.
Қайд кардан зарур аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кўшиш намуда истодааст, ки ҷавонон ҳушёрию зирракии худро аз даст надода, воқеъияти аслро фаҳмида, баръакс барои пешгирии чунин амалҳои ношоистаи дигар ҷавононро ба ҷойҳои дахлдор хабардор намоянд.
Дигар масъалаи муҳим, ин аз даъвати хизмати ҳарбӣ даст кашидани бархе аз ҷавонон мебошад, ки чунин ҳолатҳоро бояд пешгирӣ намоем. Агар ба Ватани худ дилсўз набошем, бетараф бошем, пас кӣ бояд онро ҳифз намояд?
Ҷолиби қайд аст, ки пас аз ба имзо расидани Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ўҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд, ки натиҷаи он аст, ки вақтҳои охир сафи ҷавонони бо ихтиёри худ ба хизмати ҳарбӣ рафтан зиёд шуда истодааст.
Орипов А.А. – н.и.и., дотсент, декани факултети баҳисобгирӣ ва андоз, ДДҲБСТ