ПАЁМ – РОҲНАМОИ ИЛМУ МАОРИФ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои  асосии рушди давлату ҷомеа аз ҷумла, нақли калидии илм, раванди таълим, ҷавонон ва худшиносии миллӣ бо таҳлили амиқ ва муайянсозии ҳадафҳои дарозмуддат равшану возеҳ ифода ёфтанд.

Сарвари мамлакат ба таври возеҳ иброз доштанд, ки ояндаи давлату миллат бевосита аз сатҳи сифати таҳсилот, рушди илм, омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ ва мутобиқати низоми маориф ба талаботи ҷаҳони муосир робитаи ногусастани дорад.

Яке аз нуктаҳои муҳим ва руҳбахши Паём эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” маҳсуб меёбад.

Дар ин замина, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд ба марказҳои воқеии ташаккули худшиносии миллӣ, тафаккури илмӣ ва ҷаҳонбинии муосир табдил ёбанд.

Таъкидҳои Президент кишвар оид ба рушди технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва ворид намудани онҳо аз ҷумла, ба соҳаи маориф барои омӯзгорон вазифаҳои нав мегузоранд.

Мо, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки барномаҳои таълимиро бозбинӣ намуда, таҳқиқоти илмӣ ва рушду нумӯи онро ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ созем.

Паёми Пешвои миллат барномаи мушаххаси амал ба шумор меравад. Иҷрои самараноки он масъулиятшиносӣ, сатҳи волояти касбиву фаъолияти пайвастаи омӯзгорону олимон ба ҳисоб рафта, ободии Ватани маҳбубамон мусоидат менамояд.

Дар радифи бахшҳои мухталифи донишгоҳ, кафедраи забони тоҷикӣ ва ҷомеаи он дорои нақшаҳои дурнамои илмию таҳқиқотӣ буда, аз рӯи он корбарӣ намуда, дар риштаи мазкур саҳми мондагор доранд.

 

Кенҷаев С. – н.и.ф., дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ

 

 

 

You might also like