Дастаи ДДҲБСТ соҳиби Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд гардид

Дастаи футболбозони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо шикаст додани тими футболбозони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо натиҷаи 4 бар 2 дар даври ниҳоии мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳр соҳиби ҷом ва дипломи мусобиқа  шуд. 

Мусобиқаи мазкур байни дастаҳои муассисаҳои таълимӣ шурӯъ аз 1 апрел то ба имрӯз идома кард. Дар мусобиқаи футболи хурд 6 даста дар ду гурӯҳ байни ҳам рақобат намуданд. Тими ДДҲБСТ ба ҳама ҳарифонаш дастболо гардида, ба пирӯзӣ комёб гардид.

Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд ба муносибати 30- солагии Иҷлосияи XVl- уми  Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии МИҲД -и шаҳри Хуҷанд ва ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар анҷоми мусобиқа ба ғолибон диплому медал ва Сипосномаҳо тақдим карда шуд.

Ба бозингарони беҳтарин низ туҳфаву диплом тақдим шуд.

 

You might also like