ДДҲБСТ:Мубориза бо ҷинояткориву бегонапарастӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи хештаншиносӣ
Тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳия ватандӯстиву ҳифзи арзишҳои миллӣ ва суботу амният дар замони кунунӣ аз масъалаҳои муҳим ва мубраме мебошад, ки бояд ба он таваҷҷӯҳ кард.
Бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ байни ноболиғону ҷавонон ва шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ бо ҷалби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқот доир гардид. Дар вохӯрӣ намояндагони мақомоти прокуратура, РВКД ҶТ дар вилояти Суғд, шӯрои уламои дини вилоят иштирок ва баромад карданд.
Имрўз тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм ба ташвиш оварда, ба амнияти миллӣ ва давлатии бисёр кишварҳои олам хатари ҷиддӣ эҷод намудааст, иброз дошт ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Муъмин Шарифзода дар оғози мулоқот.
Илова гардид, ки сиёсати башардўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳар як фарди ҷомеаро водор месозад, ки нисбати ин зуҳуроти манфии аср бетараф набошад. Дар ин раванд, раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар партави сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати амалишавии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба эктремизм ва терроризм тадбирҳои амалӣ андешида, дар доираи чорабиниҳо имрӯз тасмим гирифт як вохӯрии судманде доир ба пешгирии содиршавии падидаҳои номатлуб байни ҷавонон – донишҷӯён ба роҳ монад, илова кард Шарифзода М.М.
Қайд шуд,ки аз аввали соли хониши 2021-2022 то ба имрӯз вобаста ба татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм» ва Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 645 чорбиниҳои мухталифи тарбиявӣ, аз ҷумла 329 дарсҳои кушоди тарбиявӣ, 169 мизҳои мудаввар, 18 чорабиниҳои фарҳангӣ-адабӣ, 13 конференсия, 37 маҳфил, чорабиниҳои варзишӣ аз рӯи 8 намуд, 2 ҷаласа, 34 семинар, 16 озмун бо ҷалби коршиносон аз соҳаҳои гуногун аз он ҷумла мақомотҳои қудратӣ ташкил ва баргузор намуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 164 адад зиёд мебошад.
Баробари ин, дар давраи мазкур ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусиятҳои экстремистию террористидошта бо иштироки намояндагони раёсатҳои ВКД ҶТ, Агентии назорати давлатии моливӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят зиёда аз 26 вохӯрӣ бо донишҷӯён баргузор карда шуданд, қайд шуд дар идомаи вохӯрӣ.
Дар идомаи мулоқоти судманд намояндагони мақомоти прокуратураи вилояти Суғд, РВКД ҶТ дар вилояти Суғд ва раиси шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода перомуни сабабу омилҳои қонуншикании наврасону ҷавонон, коста гардидани тарбия ва маданияти ҳуқуқии насли наврас, зиёдаравӣ дар кирдорҳои баъзе аз ҷавонон баромад карданд.
Ҳадафи мулоқот огоҳии ҷавонон аз хатарҳои ҷаҳони муосир, пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ, тарбияи мутахассисони забондону соҳибкасб маънидод гардид.
Мулоқот бо саволу ҷавоб ва мулоҳизаронии иштирокчиён хотима ёфт.






