ДДҲБСТ: Баргузории конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Муаммоҳои мубрами методикаи таълими фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар МТОК: назария ва амалия”
30 марти соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию методӣ таҳти унвони «Муаммоҳои мубрами методикаи таълими фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар МТОК: назария ва амалия», бахшида ба эълон гаштани солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид. Дар кори конференсия коршиносон, олимон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва баромад намуданд.
Ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию методиро ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати оқилонаи пешгирифтаи худ соҳаи маориф ва илмро яке аз самтҳои стратегии муҳими давлату миллат қарор додаанд. Аз ҷониби Сарвари давлат Солҳои 2020 -2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид. Ин бистсола ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас равона гардидааст.
Сипас, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода баромад карда, перомуни таваҷҷӯҳи далату ҳукумат нисбати соҳаи маориф, махсусан омӯзиши илмҳои дақиқ ибрози андеша кард.
Дар ҷаласаи планерӣ як зумра олимону коршиносони соҳа – профессори кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосири ДДҲБСТ Саттор Байзоев дар мавзӯи “Дастовардҳои намояндагони мактабҳои илмии ватанӣ дар соҳаи муодилаҳои физикаи риёзӣ”, доктори фалсафа, сардори раёсати идораи рақамии ДПДТТ Аҳлиддин Низомиддинов таҳти номи “Истифодаи технологияҳои инноватсионии зеҳни сунъӣ дар соҳаи таълим”, мудири кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Насимҷон Умаров таҳти унвони “Методикаи истифодаи озмоишҳои физикӣ дар машғулиятҳои таълимии МТОК”, ходими калони илмии лабараторияи интродуксия ва дендроиндикатсияи растаниҳои МИХ АМИТ Зулфиёр Бахтиёров дар мавзӯи “Климат как определяющий фактор при росте можевельника в Северном Таджикистане”, мудири шуъбаи тестии Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон Давлатаҳмад Давлатов зери номи “Тозакунии обҳои шахтавӣ аз металҳои вазнин”, дотсенти кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосири ДДҲБСТ Назира Азимова дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами таҳсилот ва методикаи таълим” ва унвонҷӯи кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии ДДҲБСТ Аълохон Бобозода таҳти номи “Технологияҳои иттилоотӣ дар таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ” маърӯза намуданд.
Зимни баргузории конференсияи ҷумҳуриявӣ қайд гардид, ки ҳадафи конференсия мубодилаи афкори олимону мутахассисон ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли муаммоҳо дар методикаи таълими фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин муайян намудани дурнамои рушди таҳсилоти олӣ мебошад.
Дар бахшҳои кори конференсияи ҷумҳуриявӣ олимону коршиносон ва мутахассисон дар мавзӯҳои – таърих ва инкишофи рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ; муаммоҳои илмӣ – назариявӣ ва амалии фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар ҷомеаи муосир; вусъатдиҳии ҷараёни ҳамгироии илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо иқтисодиёт; самтҳои такомули методикаи таълими математика ва физика дар МТОК дар шароити муосир; истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълими фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ: муносибат ва равишҳои муосир; равандҳои такмили методикаи таълими фанҳои табиӣ дар низоми маориф; раҳсилоти рақамӣ ва дурнамои рушди он; такмили методикаи таълими фанҳои системаи автоматикунонидашудаи коркарди иттилоот, амсиласозӣ, информатика ҳамчун замина барои гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ баромад карданд.
Дар интиҳои ҷаласаи планерии конфронс ба баромадкунандагон Сипоснома ва туҳфаҳои раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.










