Ҷавонон огаҳ бошед! тавбафармоён дар ниқоби дин душмани доранд
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати соҳибистиқлол дар ҷодаи ноил гардидан ба сулҳ , ваҳдату иттиҳод давраҳои мушкилу мураккабро паси сар кардааст. Халқи худшиносу худогоҳи тоҷик ҳанўз замони вазнин ва нангинро, ки оғозаш аз моҳи фаврали соли 1990 буд бо даргириҳо ва зиддиятҳои нобасомон ба ёд меоранду имрўз шукрона менамоянд, ки ба чунин рўзҳои неку фирўз расидаанд.
Солҳои аввали соҳибистиқлоли гурӯҳҳои иртиҷоҷу бо мақсади ноил шудан мақсади ниҳоии худ ҷанги таҳмилиро оғоз намудаанд ба ин гурӯҳ аъзоёни ТЭТ ҲНИ низ шомил буд.
Ин шахсони иртиҷоҷу аз ҷабили М.Кабирӣ, М. Садриддин, Ҳусейн Ашӯр, Шавкат Муҳаммад бо ҷангу хунрезиҳои худ дар ҳамон солҳо қаноат накарда дар ниқоби ҳомии дин мафкураи ҷавононро вайрон намуда истодаанд.
Асоси шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ин надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ- фарҳангии хеш, бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.
Бештари аъзоёни ин ҳизби мамнўъ ҷавонони фиребхўрдаю гумроҳшудаанд. Акнун Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар он кишвари бе амну субот ва ноороми солҳои 1990-1992 набуда, он чун давлати неруманд Пешвои худро дорад, ки мардуми тоҷик дар атрофи онро муттаҳид гардида метавонад. Мубориза бо ҳамагуна гуруҳҳои рақобатпазир, ноошно ба заволи чунин гуруҳҳо оварда мерасонад.
Барои пешгирӣ ва бартараф кардани хатари ифротгороӣ, пеш аз ҳама аз нигоҳи илмӣ омӯхтан ва ташхису бартараф кардани ана ҳамин қабил омилҳо зарур мебошад.
Мо ҷавононро дар рўҳияи ватандўстиву худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ расида, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намуда, ба воя расем. Бояд мо ҷавонон дарк намоем, ки пос доштани ин муқаддасот ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.
Зеро ношукрӣ кардан аз Ватани аҷдодӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот гуноҳи кабира ва дўст доштани Ватан аз имон аст. Аз ин хотир, бояд ҳар яки мо ба қадри Тоҷикистони соҳибистиқлол расида, баҳри сарсабзиву хуррамии он софдилона меҳнат намуда, нуфузу обрўи онро дар арсаи байналмиллалӣ баланд бардорем.
Хӯҷанзарова М.И. – мудири кафедраи маркетинг агробизнес дотсент