Пирӯзии донишҷӯи ДДҲБСТ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ
Донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шоҳнур Абдуллоев дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди панкратион, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок кард.
Дар чемпионати кушоди шаҳри Душанбе донишҷӯи ДДҲБСТ дар вазни 57 гк баромад карда, ҳарифонашро шикаст дод. Танҳо дар даври ниҳоии мусобиқа мағлуб шуда ба гирифтани мақоми дуюм шарафёб гардид. Мусобиқаи мазкур байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон бо ибтикори Федератсияи панкратиони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилу баргузор гардидааст.
Дар мусобиқа варзишгарони ин намуд аз тамоми шаҳру навоҳии мамлакат ширкат варзиданд. Ба ғолибон диплому медалҳои Федератсияи панкратиони Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Донишҷӯи ДДҲБСТ Шоҳнур Абдуллоев бо гирифтани мақоми дуюм бо медалу диплом сарфароз гардонида шуд. Барои ӯ дар мусобиқаҳои минбаъда ва дар таҳсилу фаъолияташ барору комёбӣ орзу менамоем.

