ДДҲБСТ: Баргузории чорабинии тантанавӣ  таҳти унвони “Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад” бахшида ба Рӯзи Модар

5 марти соли 2022 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Модар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Нахуст ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода иштирокчиёни чорабинӣ ва тамоми занону бонувони мамлакатро ба муносибати Рӯзи Модар шодбош намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Модарро қимматарин неъмати рўи дунё, чашмаи мусаффо ва ҳимматбаландтарин шахси башарият унвон кардаанд.

Воқеан, маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохта, аз ў дарси одамгарию ватандўстиро меомўзем. Канори модар худ биҳишти аввалини ҳаёти мост. Ифтихорманд ҳастем, ки зан – модари тоҷик дар тӯли таърихи пурғановати хеш ҳазорҳо абармардону фарзонафарзандони миллатро ба дунё овардаасту дар оғӯши пурмеҳри худ парвариш карда, дар замири онҳо беҳтарин хислатҳои инсонӣ – башардӯстиву ватанпарварӣ ва ҳунармандиву созандагиро ҷой намудааст, илова кард роҳбари донишгоҳ Шарифзода М.М.

Сипас, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ ва раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода занону бонувонро бо Рӯзи Модар табрик карданд.

Ба ифтихори Рӯзи Модар як зумра занону бонувони донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд. Дар ин рӯз 11 нафар бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ, 3 нафар бо нишони «Аълочии маориф ва илм»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 нафар бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 11 нафар бо Ифтихорномаи раёсати донишгоҳ ва маблағи пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ, 5 нафар донишҷӯдухтарон бо Сипосномаи раёсати донишгоҳ ва маблағи пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ, дастаи мунтахаби бонувони донишгоҳ ҷиҳати пирӯзӣ дар мусобиқаи шаҳрӣ оид ба волейбол бо ҷом, медал ва дипломи дараҷаи 1 ва донишҷӯи курси дуюми Донишгоҳи давлатии забоншиносии Нижний Новгород, ки бо ДДҲБСТ ҳамкорӣ дорад Худякова Екатерина Романовна бо туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба занону бонувони донишгоҳ мукофотпулии идона тақдим карда шуд.

Бо шеъру суруди дастаҳои ҳунарии донишгоҳ ва саҳнаҳои тарбиявӣ, ки чашмаи меҳру фаво будани зан-модарро инъикос менамуд,  чорабинии тантанавӣ бахшида ба  Рўзи Модар бо шукўҳ ва рақсу шодии иштирокчиён хубу  хотирмон хотима ёфт.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like