Пирӯзии дастаи ДДҲБСТ дар мусобиқаи шаҳрӣ

Бахшида ба Рӯзи Модар мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба волейбол байни дастаҳои бонувони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус ҷамъбаст гардид.

Дар даври ниҳоии мусобиқаи мазкур дастаи бонувони волейболбози ДДҲБСТ бо тими Колеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд рақобат намуданд. Бо шикаст додани ҳариф дастаи ДДҲБСТ ғолиби мусобиқа дониста шуд.

Мусобиқаи мазкур дар маҷмааи  варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор гардида, дар он дастаҳои волейболбозон аз донишгоҳҳои олӣ ва коллеҷҳои ҳудуди шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд.

Мақсад аз баргузории мусобиқа ин тарғиби ва густариши намуди варзиши волейбол, ҷалби бештари наврасону ҷавонон алалхусус бонувон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқи тарзи ҳаëти солим мебошад.

Дар натиҷа бо шикаст додани ҳамаи ҳарифон дастаи ДДҲБСТ сазовори ҷойи аввал, тими  Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мақоми дуюм ва дастаҳои ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва Колеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Дастаҳои ғолиб бо ҷом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд. Дар расми ҷамъбасти мусобиқаи мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосид Ғафуров ва муовини ректор оид ба тарбияи ДДҲБСТ Шаҳноза Норматова иштирок намуданд.

Ҳамзамон дар баробари дастаҳои ғолиб ба бозингарони беҳтарин низ медалу туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like