СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Сулҳу ваҳдат маънои оштиву фарзонагӣ, якдигарфахмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро тачассум менамояд. Ваҳдат маънои ба ҳам омадан, аз як гиребон сар баровардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст буданро дорад.Ваҳдат-беҳтарин неъмати ҳаёти инсонӣ, орзуву армон ва таҳкими давлат, наҷоти миллат аст.

Имрӯз Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон, инчунин иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва  ташкилотҳои мухталифи ҷаҳонӣ гардидааст. Худшиносӣ ва худогохии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор нигоҳ доштан мумкин аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Рахмон чунин гуфтаҳо доранд:«Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медихад. Аммо ниҳоле низ хаст, ки хамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳраманд гардид, мо ҳаргиз роҳ намедихем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Он дарахте, ки сарвари кишварамон ба сулху вахдат ташбех додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки мо бо онҳо  ифтихор дорем. Муносибатҳои нави давлатдорӣ, сиёсати хирадмандонаи сарвари кишвар, соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хоричи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Курғонтеппа – Кўлоб, сохмони шоҳроҳи Ваҳдат ба мамлакатҳои Осиё, ба сӯи уқёнуси ҷаҳон, ба роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин омил боиси эҳёи арзишҳои миллии роҳи бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо бузургтарин давлатҳои ҷахон мепайвандад.

Дар ҳақиқатан сулҳу ваҳдати миллӣ шукуфоиии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукумфармост, рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан рў ба инкишоф мениҳад, аз ҷихати сиёсӣ ва фарҳангӣ пеш меравад.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рахмон миллати парешон сарчамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Султонова А. – муаллимаи калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ

You might also like