ТЭТ ҲНИ чаро вазъи давлати соҳибистиқлоли моро ноором месозад?

Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, дар арсаи байналхалқӣ ва ҳалли муаммоҳои дохилии худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодааст. Албатта инкор кардан мумкин нест, ки дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ муаммоҳои зиёде мавҷуд мебошанд.

Ин дастовардҳои кишварро гурўҳҳое ҳастанд, ки нодида мегиранд. Зиёда аз ин қувваҳое ҳам мавҷуданд, ки ба ҳукумати имрўза дар мухолифат қарор дошта, мехоҳанд вазъро ноором созанд.

Нақши шахс дар таърих аз мавзӯъҳои басо ҷолиб ва мураккаби илми ҷомеашиносист. Таърих гувоҳ аст, ки таҳаввули бунёдӣ дар ҳаёти сиёсӣ, андешаи миллӣ, фарҳанги зиндагӣ ва шуури иҷтимоии ҷомеа бо кору пайкори шахсиятҳои барҷаста, шахсиятҳое, ки дар фазилату иродаи сиёсӣ, маънавӣ ва ахлоқии худ ормонҳои таърихии мардумро таҷассум кардаанд. Рӯшан аст, ки на ҳама сарварони давлат дар таърих ҳамчун пешвои миллат ворид шудаанд. Ин аст, ки пешвои миллати мо соҳиби сифатҳои инсонианд: камолоти ҷисмонӣ, борикбинию дурандешӣ, зиракии табиӣ, ақл ва хотираи солиму мустаҳкам, бофаросат, хушбаён ва тозабаёни андешаҳо, маърифатнокӣ, муҳаббат ба ҳақиқат, нафрат ба дурӯғ ва дурғгӯён, қадри шарафу номус, нияти нек ва ҳимматбаландӣ, адолатнокӣ, дар зарурият бо қатъият рафтор намудан, дар ҳама ҳолат ҷасуриро аз даст надодан ин фазилатҳои мардии пешвои даврони худро мо дида истодааем.

Пешвои миллат ҳамчун кафили адолат, қонуният ва тартибот бо ҳифзи амнияти шаҳрвандон, қонуншиканиҳо, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фазои муносиби эҷоди қонун ва риояти онро устувор намудан аст. Миллати тоҷик дар марҳилаи басо ҳассоси таърих симои пешвои худро дар шахсияте дид, ки ӯ аз қалби мардум бархост ва бо садоқати беназир ба халқ ва ба ин марзу бум дар замони бениҳоят мураккаби гузариш рисолати пурмасъулиятро ба дӯш гирифтааст. Аз ин лиҳоз, ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Асосгузори ваҳдати миллӣ ва пешвои миллат» ба тавсиб расид.

Аз ТЭТ ҲНИ мо зиёиёни кишвар ҳамҷоя талаб дорем, ки ба фаъолияти давлате, ки манфиатҳои худро баҳри ободии халқ, дар сулҳу салоҳ зиндагӣ доштан, равона карда истодааст халалдор нашаванд. Мардуми кишвари Тоҷикистон боз аз нав сохтро дигар кардан намехоҳад, чунки дар азнавбунёдкунӣ боз табаддулот мехоҳад. Дар ин ҷода боз мардуми азияткашида дар азоб мемонад. Боз ҷангу ҷидол, кашкашаю бар манфиат кор кардани ашхосе ба ҳеҷ кас лозим нест. Аз ин сабаб ба кулли мардумоне, ки ин ҳизбро дастгирӣ мекунанд аввал аз ёди мардум кунед, то ба коре даст задан!

Аз чеҳраи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гули сулҳу сафо, оштӣ, хайрхоҳию накӯкорӣ  падидор аст. Дар ҷумҳурии мо намояндагони дину мазҳабҳо кам нестанд. Аксарияти мардуми Тоҷикистон мусалмон ҳастанд. Ҳукумат мазҳаби дини мубини исломро эҳтиром намуда, ҳамчунин барои ба ҷо овардани эҳтиром, эътиқоди динии халқҳои дигар дахолат намекунад. Аммо афродоне дар ҷамъияти мо намудор шуданд, ки мусалмони кофирро тақсим намоянд ва байни онҳо низоъ ангезанд. Маълум аст, ки соли 1993 Президиуми Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИТ – ро барои вайрон кардани Конститутсия ва қонун дар бораи иттиҳодияхои ҷамъияти  фаъолияташро манъ карда буд, амма дере нагузашта соли 1999 ин ҳизб аз нав ба фаъолият шурӯъ намуд: аммо фаъолияти ин дафъаинааш сиёсати низову нифок, тарафдории ҷанг, манфиати ҳизбӣ, халалдори осоиштагӣ буд. Қисми зиёди аъзоёнаш кайҳо аз саф баромадаанд, аммо айби худро аз дигар мечӯянд. Мумкин аст ба онҳо беҳ гаштани вазъияти ҳаётӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангии мардумӣ, арзишҳои маънавии халқи тоҷик маъқул набошад. Аз ин рӯ, аз ҳар кунчи ҷаҳон ба воситаи ахбори умумӣ баромадҳои барғалат мекунанд.

 

Хӯҷаназарова М.И. – мудири кафедраи маркетинг – агробизнеси ДДҲБСТ

You might also like