Идомаи баргузории маҳфилҳои илмии донишҷӯён

Дар кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ маҳфили илмиидонишҷӯён таҳти унвони «Муҳосибони ҷавон» гузаронидашуд, ки дар он 30 нафар донишҷӯён, аъзои маҳфил фаъолонаширкат варзиданд. Дар маҳфил мутахассисони соҳаи ҳисобдорӣ, сармуҳосиби ҶДММ «МИН» Ҷабборова М.М., мудири кафедра д.и.и., дотсент Дадоматов Д.Н. иштирок намуданд.

Сараввал донишҷӯи соли дуюм Маҳбуба Азизова дар мавзӯи «Пайдоиш ва инкишофи баҳисобгирӣ дар Миср» маърӯзаи илмӣ намуд. Баъдан донишҷӯи курси чорумАзизахон Абдувоҳидова дар мавзӯи “Учёт кассовых операции с программой”, донишҷӯи курси дуюм Муҳаммадҷон Тӯхтаев дар мавзӯи «Моделҳои баҳисобгирии молиявӣ» баромад намуданд.

Баъди баромади донишҷӯён мутахассиси  соҳа доир ба масъалаҳои мубрами баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартибдиҳииҳисобот тибқи СБҲМ тағъиротҳои Кодекси андози ҶумҳурииТоҷикистон маърӯза намуд.

Ҳамчунин дар доираи ҳафтаи кафедраи иқтисодиётикорхонаҳо ва минтақа маҳфили илмии донишҷӯён «Соҳибкор» таҳти унвони «Рушди соҳаи саноати вилояти Суғд дар даврониИстиқлоли давлатӣ» баргузор гардид. Дар маҳфил нозирираёсати корҳои илмитаҳқиқотӣ ва рушди инноватсионӣМунзифа Дадоҷонова, мудири кафедра дотсент Қаюмов Ф.Ғ., ва ассистенти кафедра Зиёев М.М. иштирок намуданд.  

Дар идома донишҷӯён, Сабрина Мақсудзода дар мавзӯи«Сифати маҳсулот ҳамчун омили асосии истеҳсоли мол», Фурқатҷон Умаров таҳти унвони «Нақши саноат дар тараққиёти иқтисодиёти мамлакат» ва Маҳина Раззоқова дар мавзӯи «Нақши занони соҳибкор дар иқтисодиёти мамлакат» баромад карданд.

Ҳамзамон дар кафедраҳои фанҳои риёзӣ-табиатшиносиимуосир, муносибатҳои байналхалқӣ маҳфилҳои илмиидонишҷӯён ташкил ва баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёндар мавзӯҳои мухталиф маърӯзаҳои илмӣ намуданд. Зимни баргузории маҳфилҳои илмӣ намояндагони раёсати донишгоҳва садорати факултетҳо ширкат варзиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар назди ҳама кафедраҳои донишгоҳ маҳфилҳои илмии донишҷӯён амал менамояд. Маҳфили илмиидонишҷўён дар донишгоҳ бо мақсади тақвияти маҳорати касбӣва ҷамъиятӣ, ҷаҳонбинии илмӣ, ташаббускорӣ, мустақилият ва масъулиятнокӣ,  ҳисси эҳтирому ватандўстӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ташкил карда шудааст.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like