Шиносоии хатмкунандагони мактабҳо аз ДДҲБСТ
26-уми феврали соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон рӯзи «Дарҳои кушод» ва озмуни “Хатмкунандагони болаёқат” баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби хатмкунандагон ба таҳсили илму дониш дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Хатмкунандагон ҳамроҳи устодони худ аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят бо мақсади шиносоӣ аз вазъи таълиму тарбия, шароити таҳсил, имконияту ихтисосҳо ва факултетҳои донишгоҳ дар рӯзи “Дарҳои кушод” иштироки фаъолона намуданд.
Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода дар назди хатмкунандагон баромад карда, онҳоро бо барномаи чорабинии рӯзи «Дарҳои кушод» ва озмуни «Хатмкунандагони болаёқат» шинос кард. Сипас хатмкунандагон аз дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ дидан намуда, инчунин дар дарсҳои намунавии устодон ширкат варзида, ба худ маълумотҳои зарурӣ гирифтанд.
Дар чорабиниҳои рӯзи “Дарҳои кушод” наздик 700 нафар хатмкунандагон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ширкат варзиданд. Бахусус хатмкунандагони ноҳияҳои дурдасти вилоят ва шаҳри Душанбеву наҳияҳои вилояти Хатлон тариқи онлайн тавассути интернет дар ин чорабинӣ иштирок карданд. Тибқи барномаи озмуни «Хатмкунандагони болаёқат» аз рӯи намунаҳои саволномаҳои санҷишии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хатмкунандагон дониши худро санҷиданд.
Пас аз боздид ва шиносоӣ дар маҷлисгоҳи донишгоҳ мулоқоти ректор, профессор Шарифзода М.М. бо иштирокчиёни озмуни «Хатмкунандагони болаёқат» доир гардид. Дар вохӯрӣ аз рӯи натиҷаи имтиҳоноти тестӣ ва холҳои ноилгардида дар озмуни «Хатмкунандагони болаёқат» Таҳмина Шодибоева аз МТМУ №10-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ба даст овардани 250 хол сазовори ҷойи аввал ва ноутбук, Шерзод Раҳмонов аз МТМУ №54-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо 245 хол сазовори мақоми дуввум ва планшет ва Райҳона Салимова хонандаи литсепйи физика-математикаи №1-и ба номи Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд бо гирифтани 242 бал сазовори ҷойи сеюм ва телефони мобилӣ гардиданд.
Дар баробари ғолибон иштирокчиёни фаъоли чорабиниҳои рӯзи “Дарҳои кушод” ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ бо туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ қадрдонӣ шуданд.
Ғолибон зимни суҳбат аз шароиту имкониятҳои фароҳамгардидаи донишгоҳ ёдоварӣ намуда, барои ташкил намудани чорабиниҳои рӯзи “Дарҳои кушод” ва озмуни “Хатмкунандагони болаёқат” ба роҳбарияти донишгоҳ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

































