Ташрифи намояндагони Донишгоҳи илмҳои табиатшиносии Чехия дар Прага ба ДДҲБСТ

Дар доираи ҳамкориҳои байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи илмҳои табиатшиносии Чехия дар Прага, намояндагони донишгоҳи мазкур доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Лубош Смутка ва номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Инна Челбекова ба ДДҲБСТ ташриф оварданд. Меҳмононро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор М.М. Шарифзода пазироӣ намуд.

Дар рафти мулоқот доир ба масъалаҳои густариш бахшидани ҳамкориҳои муштарак дар самти табодули омўзгорон ва донишҷўён, амалӣ  намудани  барномаҳои  таълимӣ ва корҳои илмию таҳқиқотӣ  сухан рафт.

Намояндагони ҷонибҳо доир ба нақшаҳо ҷиҳати амалишавии лоиҳаи муштарак дар самти арзёбии хароҷот ва нафъи мутобиқшавӣ ба та ғ йирёбии иқлим дар соҳаҳои кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва идораи оби Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирии молиявии Ҳукумати Федератсияи Русия ба тасвиб расидааст, гуфтушунид баргузор намуданд.

Дар доираи ин лоиҳа гурўҳи корӣ  бо роҳбарии муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Д.Д.Бобоҷонов ва намояндагони Донишгоҳи илмҳои табиатшиносии Чехия дар Прага бо фокус-гурўҳ – раисони ҷамоат, агрономҳо, намояндагони ассотсиатсияи истифодабарандагони об, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ,  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар мутахассисони соҳаи кишоварзии ҷамоатҳои алоҳидаи ноҳияи Конибодом вохўрӣ доир намуда, пурсиши афкор гузарониданд.

Зикр кардан ҷоиз аст, ки татбиқи амалии лоиҳаи мазкур ба таҳлил ва пешгўӣ намудани тағйироти мавҷуда ва бавуҷудояндаи иқлим дар сектори кишоварзии ноҳияҳои Конибодом ва Кўҳистони Мастчоҳи вилояти  Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин асос пешниҳод намудани  чораҳои мутобиқшавӣ ба Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Ҳукумати кишвар мусоидат менамояд.

         Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like