Баргузории семинари илмӣ-назариявӣ дар донишгоҳ
Бахшида ба “Бистсолагии омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезии донишгоҳ семинари илмӣ-назариявӣ доир гардид, ки дар он устодон иштирок намуда,, дар мавзӯьҳои таҳлили назария ва амалияи масъалаҳои барномарезӣ бо ТИ, имкониятҳои барномаҳои компютерӣ барои ҳифзи иттилоот ва моҳияти он баромад намуданд.
Дар семинари илмӣ – назариявии мазкур ҳамчунин мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии донишгоҳ, н.и.ф., дотсент Атамуллоева М.А., мудири кафедраи ТИКБ, дотсент Мухамедова Ш.Ф. ва омӯзгорони кафедра иштирок намуданд. Пас аз баромади устодон мулоҳизаронӣ перомуни ҳифзи иттилоот ва барномаҳои ҳифзи иттилоот, имкониятҳои истифодаи тахтаи электронӣ ва хусусиятҳои барномаҳо сурат гирифт.
Мудири шӯъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ- педагогӣ, дотсент Атамуллоева М.А., зимни ҷамъбасти семинар қайд кард, ки дар мамлакати азизамон барои боло бурдани тафаккури техникии ҷомеа, тарбияи кадрҳои баландихтисос дар соҳаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ тадбирҳои назаррас андешида мешаванд. Ҳадафи асосии семинари мазкур таҳкими раванди фаъолияти касбӣ ва пешоҳанги навовариҳову тозаҷӯиҳо маънидод гардид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




