ТАБРИКОТИ ректор, профессор Шарифзода Муъмин Машокир ба ифтихори Рўзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Устодону донишҷўёни арҷманд!
Ҳанўз дар солҳои барои давлату миллат ҳассосу тақдирсоз мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо роҳнамоӣ ва матонату мардонагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии худро таъсис доданд. Сарвари давлат ба нақши сазовори аскарону афсарони далери Ватан дар ҳифзи марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол чунин таъкид доштанд: «Аз ибтидои таъсиси худ то имрўз Артиши миллии мо дар амри барқарор сохтани сулҳу оромӣ дар саросари кишвар, муҳофизати дастовардҳои истиқлол ва тамомияти арзии мамлакат талошу муборизаҳои шоёни тақдир ва таҳсинро анҷом дод».
Имрӯз ин ниҳоди тавонои кишвар ба як сохтори боэътимод табдил ёфта, дар ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амният, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатар, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ нақши муассир дорад. Бо назардошти чунин рисолат Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар, омода кардани кадрҳои соҳибкасбу содиқ ба халқу ватан, таъмин бо техникаву лавозимоти пешрафтаи ҳарбӣ, баргузории ҷамъомаду машқҳои низомӣ ва муҳайё кардани шароити мусоид ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбияти афсарон тадбирҳои амалӣ меандешад.
Боиси сарфарозист, ки кулли хизматчиёни ҳарбии мо тӯли 29 соли сипаришуда рисолати касбиву қарзи ватандӯстонаи худро бошарафона иҷро намуда истодаанд. Имрўз устувории низоми давлатдорӣ ва таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ба сатҳу сифати фаъолияти ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва иҷрои бомасъулияту содиқонаи вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби афсарону аскарони диловари Ватан вобастагӣ дорад.
Қарзи шаҳрвандии хеш меҳисобам, ки ҷавонон бояд огаҳ бошанд, ки Артиши миллии мо дар кадом шароит бунёд шуд ва тӯли ин муддат то куҷо рушд кард ва таҷриба омӯхт. Бахусус, афсарону сарбозони Артиши миллӣ дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ қарзи ватандории хешро дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат садоқатмандона ба иҷро расонданд.
Имрўз, Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосӣ ва сипари боэътимоди давлатдории миллиамон ба ҳисоб рафта, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ нерӯи қодир дар ҳимояи марзу буми Ватан, кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва зиндагии осудаи сокинони мамлакат мебошанд.
Миллати тоҷик таърихан мардуми сулҳхоҳу таҳаммулгаро, фарҳангиву тамаддунсоз ва ватандӯсту ватанпараст мебошанд. Ватандӯстӣ мардуми моро аз вартаи нобудшавӣ эмин дошт ва асоси муваффақиятро дар Артиши миллии мо низ тарбияи ҳарбиву ватандӯстӣ ташкил медиҳад. Пас, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва дӯстиву рафоқат тарбия кардани насли ҷавон вазифаи ҷонии ҳар яки мост.
Аз диловарию матонат ва шуҷоати хизматчиёни Артиши миллӣ ҳарф заданро дар самти тарбияи ҳарбӣ-ватандўстии ҷавонон ва ба хизмати Ватан омода гардидани онҳо муҳим арзёбӣ менамоям. Бахусус, таъкид медорам, ки ҷаҳони муосир, ки пур аз зуҳуроти номатлуб ва дигар омилҳои манфӣ мебошад, дар рўҳияи ватандўстӣ тарбия намудани ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсиву ҳуқуқии онҳо шарт ва зарур аст. Танҳо бо садоқат ба Ватан ҳар як шахс метавонад дар ҳифзи манфиатҳои давлату миллат камари ҳиммат бандад.
Бо истифода аз лаҳзаи мусоиде, ки ин соат бароям даст додаст, истифода карда, ҳамаи Шуморо ба муносибати Рўзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод менамоям ва бароятон саломатии бардавом, рӯзгори орому осуда ва дар фаъолияти минбаъдаатон муваффақиятҳои беназир таманно дорам.