Тарғиби ғояҳои зиддикоррупсионӣ
Дар маҷлисгоҳи бинои таълимии №2 -и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохўрии намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, нозири калони шуъбаи муқовимат бо коррупсия майори адлия Назриён Васлибек бо ҳайати кормандону омўзгорон ва донишҷўёни донишгоҳ баргузор гардид.
Нахуст, муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои тарбия, дотсент Шаҳноза Норматова баромад намуда, қайд кард, ки вақтҳои охир мубориза бо падидаҳои коррупсионӣ хусусияти фарогир пайдо карда истодааст, зеро бидуни муборизаи дастҷамъона бо ин зуҳуроти номатлуб таъмини рушди устувори тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ғайриимкон мегарданд. Бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда устодону омўзгорон ва донишҷўёни донишгоҳ низ дар самти амалигардонии сиёсати зиддикоррупсионӣ саҳми худро гузошта истодаанд. Баргузории чорабинии имрўза барои таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ дар самти муқовимат ба коррупсия равона карда шуда, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқуиву зиддикоррупсионии кормандону донишҷўёнарзёбӣ гардид.
Сипас, нозири калони шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Назриён Васлибек баромад намуда, изҳор дошт, ки вохўрии имрўза бо мақсади иҷрои нишондодҳои Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои то соли 2030, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021 тасдиқ карда шудааст ва зарурати андешида шудани тадбирҳои иловагӣ баҳри тақвият бахшидани мубориза бо ҳамагуна зуҳуроти имконпазири коррупсионӣ, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи маърифтанокии ҷомеа дар ин самт баргузор гашта истодааст.
Қайд карда шуд, ки таваҷҷуҳи давлату ҳукумат нисбат ба масъалаҳои муқовимат ба коррупсия тасодуфӣ намебошад. Зеро коррупсия падидаи номатлубе мебошад, ки дар баробари терроризму экстремизм ва муомилоти маводи мухаддир зуҳуроти хеле хавфнок буда, ба амнияти давлату ҷамъият, асосҳои иқтисодиву иҷтимоии он, ахлоқи ҷомеа таҳдиди ҷиддӣ дорад. Бо назардошти хавфу хатари коррупсия барои ҷомеа ва зарурати тақвият бахшидани мубориза бо ин падидаи номатлуб санадҳои мавҷудаи меъёрии ҳуқуқӣ мукаммал гардонида мешаванд.
Ҳамчунин баромадкунанда оид ба сабабу омилҳои барои содир гаштани ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта фикру андешаҳои худро баён намуд. Барои ба миён омадани падидаҳои коррупсионӣ пеш аз ҳама камбудиву норасоиҳои муайян дар сохтори сиёсиву иқтисодии давлат, сатҳи пасти маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрвандон, вайрон будани маънавиёт ва асосҳои ахлоқии ҷамъият, беадолатии иҷтимоӣ, номукаммалии қонунгузории амалкунанда ва ғайра мусоидат намуда, муаммоҳои дар ҷамъият мавҷударо боз ҳам печидатар ва дар роҳи ҳалли мусбии онҳо монеаи ҷиддӣ эҷод мекунанд.
Бинобар ин, бидуни ҳалли масъалаҳои вобаста ба рафъи омилҳои барои ба миён омадани зуҳуроти коррупсионӣ мусоидаткунанда, таъмини иҷрои ҳадафҳои созандаи иқтисодиву иҷтимоии давлат ғайриимкон мегардад.
Дар анҷоми баромаде хеш Васлибек Назриён саҳми кормандон ва устодону донишҷӯёни ДДҲБСТ-ро дар тарғиби ғояҳои зиддикоррупсионӣ назаррас арзёбӣ кард.
Пас аз маърӯзаи баромадкунанда саволу ҷавоб бо ишитрокчиёни вохўрӣ доир гардид. Кадршиносии иштирокчиёни озмуни мақолаи беҳтарин дар мавзўи «Коррупсия падидаи номатлуби ҷаҳони муосир» ба вохӯрӣ ҳусни анҷом бахшид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа






