Шодмонии афсарону сарбозон ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ

Cанаи 23-юми феврали соли 2022 дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистони маҳбубамон 29-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат имрӯз дар қисми низомии 3501-и РВКД дар вилояти Суғд чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ аъзои КИМ ҲХДТ, ректори ДДҲБСТ, профессор Муъмин Шарифзода, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Малимисломӣ, занону бонувони хизматнишондода иштирок ва баромад карданд.

Нахуст, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода тамоми сарбозону афсаронро ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуда, иброз дошт, ки бо кӯшишу ғамхориҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ дар вазъияти басо душвор Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтанд. Аз замони таъсиси ин ниҳод ҷавонмардони ватандӯст ва бонангу ори кишвар ба сафи он шомил шуда, баҳри ояндаи дурахшони Ватан сарбаландона хизмат намуданд.

Сипас, ректори ДДҲБСТ Шарифзода М.М. баромад намуда афзуд, ки бояд шукрона аз соҳибистиқлолӣ намуд, зеро ки имрӯз афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки баланди масъулияти касбӣ вазифаҳои худро содиқона ба ҷо оварда, барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузорад, омода мебошанд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Дар яке аз суханрониҳои худ Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба садоқати ин неруи тавоно ва сипари боэътимоди давлат қайд намуданд: «Аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит сохтааст». Мустаҳкам намудани рӯҳияи низомии сарбозону афсарон, ҳифзи ормонҳои абадзиндаи ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти Ватан, ифтихори миллӣ шохаи асосӣ ва муҳими корҳои тарбиявӣ дар артиш маҳсуб меёбад, илова дошт ректори донишгоҳ.

Дар ин рӯз барои сарбозону афсарони қисми низомии 3501 аз ҷониби раёсати ДДҲБСТ туҳфаҳои рамзии раёсати донишгоҳ ва лавозимоти варзишӣ инчунин аз ҷониби КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон дар ҷараёни чорабинӣ озмуни расмкаши беҳтарин доир гардида, дар интиҳо ба ғолибон туҳфаҳо тақдимкарда шуд.

Дар қисмати дуюми чорабини гуруҳи созиву овозии “Ошёни меҳр”-и назди раёсати донишгоҳ бо суруду мусиқиҳои ватандӯстона афсарону сарбозони қисми ҳарбии мазкурро ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуданд ва зери оҳангҳои онҳо иштирокчиёни чорабинии мутантан рақсу шодмонӣ карда, Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро хубу хотирмон истиқбол намуданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like