Дар ДДҲБСТ ихтисосҳои наву замонавӣ ҷорӣ мегарданд
Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо МИҲД-и вилояти Суғд имрӯз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон нишасти матбуотии ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода оид ба фаъолияти донишгоҳ дар соли 2021 баргузор гардид. Дар нишасти хабарӣ намояндагони васоити ахбори оммаи вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.
Дар оғози нишаст ректори донишгоҳ иброз дошт, ки соли 2021 барои ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ дар қатори дигар музаффариятҳои фараҳбахшу падидаҳои созандаи сӣ соли соҳибистиқлолии кишварамон, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ ироа гардид, бо ташкилу баргузории чорабиниҳои таълимӣ, илмию байналмилалӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои тарбиявӣ соли бобарору хотирмон буд.
Таҳким бахшидани заминаҳои моддию техникӣ ва таъмини фаъолияти пурсамари раванди таълим зери таваҷҷӯҳи доимии раёсати донишгоҳ қарор дошта, танҳо дар соли 2021 ду ҳазору 94 адад таҷҳизоти техникӣ аз рӯи 29 номгӯ, аз ҷумла 80 компютер, 36 проектор, 15 ноутбук, 13 принтер, 8 камераи назоратӣ, 152 номгӯ таҷҳизоти техникӣ ва шабакавӣ, 5 адад таҷҳизот барои лабораторияи криминалистикӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ шуданд.
Илова шуд, ки давоми 5 соли охир 22 ихтисосҳои нав аз ҷумла, дар соли таҳсили 2021-2022 шаш ихтисосҳои нав – идораи давлатӣ ва ҳуқуқ, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, математика ва информатика, забони англисӣ, назарияи иқтисодиёт ва логистика ҷорӣ карда шуд. Дар ояндаи наздик ҷорӣ намудани ихтисосҳои коргузорӣ, забони русӣ ва тарҷумон, маркетинг дар комплекси агросаноатӣ ва экологияи агросаноатӣ (кишоварзӣ) ба нақша гирифта шудааст, зикр дошт сарвари донишгоҳ Муъмин Шарифзода.
Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади таъмини низоми босифати идоракунии рақамии раванди таълим аз ҷониби мутахассисони донишгоҳ барномаи – DEM.tj таҳия ва сазовори шаҳодатномаи Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Барномаи мазкур ба таъмини фаврият оид ба гирифтани маълумот нисбати фаъолияти кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ, дастрасии маълумот оид ба теъдоди ҳайати омӯзгорону донишҷӯён, ҷараёни пардохти мабалғи таҳсил, таҳлили давомот ва пешрафти донишҷӯён, таъмини донишҷӯён бо маводҳои таълимӣ, дастрасии натиҷаи сессияҳо ба садорати факултетҳо, кафедра ва сарпарастон, тафтиши аслияти (антиплагиат) корҳои хаттӣ, муттамарказии барнома бо дигар низомҳои иттилоотии донишгоҳ мусоидат менамояд.
Роҳбари донишгоҳ илова кард, ки ҷиҳати такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ машғулиятҳо дар 62 гурўҳи академӣ бо забони русӣ, 12 гурўҳи академӣ бо забони англисӣ ва 2 гурўҳи академӣ бо забони хитойӣ гузаронида мешавад. Бо мақсади ҳавасмандкунии омӯзгороне, ки дар гурӯҳҳои академии таҳсилашон бо забони англисӣ машғулият мегузаронанд, ба андозаи 15% музди маошашон баланд бардошта шуд.
Соли таҳсили 2020-2021 бо мақсади таъмини донишҷӯён бо адабиёти тахассусӣ ба миқдори 1840 адад китобҳои дарсии устодони дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ харидорӣ карда шуд. Дар ин давра барои дастоварди назаррас дар таълиму тарбияи ҷавонон аз ҳисоби устодони донишгоҳ 8 нафар бо Нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 15 нафар бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 нафар бо Ифтихорномаи МИҲД-и вилояти Суғд, 4 нафар бо Ифтихорномаи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд, 67 нафар бо Ифтихорномаи донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.
Дар олимпиадаҳо, озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” донишҷӯён ва устодони донишгоҳ ба гирифтани мақоми ифтихорӣ шарафёб гардидаанд. Инчунин, дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Маданияти андозсупорӣ-баҳои бофарҳангии ҷомеа” аз рўйи номинатсияи “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” донишҷуён – Фарҳодҷон Ҷумаев ҷойи якумро ишғол намуда, аз тарафи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплом ва мукофти пулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ ва ноутбук, аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба андозаи 1000 сомонӣ қадрдонӣ гардид. Дар озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол – 2021” байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд бошад донишҷӯи донишгоҳ Мутриба Мирпоччоева иштирок намуда, сазовори ҷои аввал гардид ва бо Лентаи рамзии “Донишҷӯи сол – 2021”, маблағи пулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ сарфароз гардида, аз ҷониби раёсати донишгоҳ дар ҳаҷми 50% аз пардохти маблағи таҳсил озод карда шуд.
Зикр гардид, ки агар дар соли 2020 теъдоди гирандагони стипендияҳои номӣ: стипендияҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Хуҷанд ва раёсати донишгоҳ 24 нафарро ташкил медод, дар соли 2021 ин теъдод ба 104 нафар расид.
Қайд шуд, ки давоми сол дар заминаи лоиҳаи озмоишгоҳи инноватсионии назди Парки технологии донишгоҳ зиёда аз 50 чорабинии таълимию фароғатӣ барои омӯзонидани худнамоӣ ва навоварӣ, клуби мубоҳисавӣ барои омӯхтани амалияи муошират бо забони хориҷӣ, маҳфилҳои мухталиф чиҳати омӯхтани эҷодкорӣ, ҷалб намудан ба мутолиа, тренингҳо бо мақсади ташакулли малакаҳои муошират, курси технологияҳои компютерии иттилоотӣ барои духтарон ташкил карда шуда, зиёда аз 1200 нафар ҷавонон ба чорабиниҳои мазкур ҷалб карда шуданд.
Раёсати донишгоҳ ҷиҳати ба ғамхории доимӣ фаро гирифтани донишҷўёни ниёзманд тадбирҳои амалӣ меандешад. Бахусус, 16 нафар донишҷўёни эҳтиёҷманд, ки дар шуъбаи рўзона ва фосилавӣ таҳсил менамоянд, аз пардохти маблағи таҳсил пурра озод карда шуда, ба онҳо ба маблағи 500 сомонӣ идрорпулӣ таъин карда шудааст. Инчунин донишҷўёни ятим имконият доранд тариқи ройгон дилхоҳ вақт аз ошхонаи донишгоҳ хӯрокҳои серғизоро истеъмол намояд.
Зимни нишасти матбуотӣ илова шуд, ки раёсати донишгоҳ раванди корҳои ободонию бунёдкориро вусъат дода, минбаъд низ идома мебахшад. Ҳоло бунёд ва азнавсозии иншооти сохтмонаш нотамоми таълимӣ, ошхона, маҷлисгоҳ барои 800 ҷои нишаст идома дорад.
Дар қисмати дуюми нишасти матбуотӣ хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” Ҷовиди Аштӣ дар мавриди фаъолияти Парки технологии донишгоҳ, саҳми ҳамоишу конференсияҳо дар ҳамгироии илму истеҳсолот ва таваҷҷӯҳ ба омӯзиши илмҳои дақиқ дар донишгоҳ, хабарнигори ҳафтаномаи “Омӯзгор” Нӯъмон Раҷабӣ перомуни бунёди бинои истиқоматӣ ба устодону кормандони донишгоҳ, сардабири ҳафтавори “Маънавият” Озод Мелибоев ва сармуҳаррири АИ “Суғднюс” Алишери Толиб бобати ҳамкориҳои ДДҲБСТ бо донишгоҳҳои Ӯзбекистон, хабарнигори ТВ СМ-1 оид ба вазъи ҷинояткориву қонуншикании донишҷӯён, хабарнигори рӯзномаи “Садои мардум” Мирзоаъзам Мақсудов доир ба ташкили филиали донишгоҳ ва рӯзноманигор Фарзона Муродӣ доир ба имтиёзҳои донишҷӯёни ятим дар донишгоҳ саволҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар интиҳо ректори донишгоҳ саҳми ВАО-ро дар инъикоси дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ назаррас арзёбӣ карда, аз иштирокчиёни нишаст даъват ба амал овард, ки ҳамкориашонро бо донишгоҳ идома диҳанд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа










