Паём раҳнамои имрӯзу фардои кишвар

Дар факултети бизнес ва идоракунии донишгоҳ мизи гирд таҳти унвони «Паём раҳнамои имрӯзу фардои кишвар» баргузори гардид.

Мизи мудавварро декани факултет, дотсент Соҳибназар Ашўров оғоз намуда, ба иштирокчиён оид ба нуктаҳои Пайёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дод.

Сипас, мудири кафедраи  муносибатҳои байналхалқӣ, дотсент Ботур Алимов дар мавзўи «Дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ» маърӯза кард. Иброз шуд, ки  имрӯз кишвари мо бо 180 мамлакатҳои ҷаҳон ҳамкориии дипломатӣ  ва 130 давлатҳо ҳамкории тиҷоратиро ба роҳ мондааст. Инчунин маърӯзакунанда перомуни ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша кард.

Дар идома дотсенти кафедраи менеҷмент Идибек Бурҳонов дар мавзўи «Нуктаҳои иҷтимоию иқтисодии Паёми Пешвои миллат» маълумот дод.

Қайд гардид, ки дар самти саноат дар солҳои  2010-2020 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 9,5 то ба 29,6 милиард сомонӣ расонида шуда, шумораи корхонаҳои саноатӣ аз 1368 то ба 3500 адад расонида шуд. Сатҳи камбизоатӣ дар соли 1999 – 81% ва дар соли 2020 ба 26,3% коҳиш ёфтааст. Соли 2020 дарозумрии аҳолӣ ба 75,1 сол баробар шуд, ки ин нишондиҳанда назар ба соли 1991 ба 5 сол зиёд мебошад, афзуд номбурда.

Дар мизи мудаввар ҳамчунин  дотсенти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақа Зокирова Ш.М. перомуни соҳаи кишоварзӣ ва рушди он дар мамлакат маърӯза кард.

Мизи мудаввар бо саволу ҷавоб ва мулоҳизаронӣ ба интиҳо расид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

You might also like