Нигоҳдошти сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар ва ҳифзи арзишҳои миллӣ

 Дар марҳилаи бениҳоят ҳассоси ҳозира, ки ҷаҳони имўза хатарзо аст ва мардум онро дарк намуда мекўшад, ки сулҳу суботи ба даст омадаро чун гавҳараки чашм нигоҳ доранд. Дар ин марҳила ваҳдату ягонагӣ, сарҷамъиву суботи сиёсӣ, ѓояи ифтихори миллӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ ва  созандагиву ободкорӣ, дасти ёрӣ дароз намудан ба ҳамсояи дўсту бародар ҳадафи муқаддас ба ҳисоб меравад. Аз ин рў, бояд тамоми дастовардҳоямонро бо мавҷудияти суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва Ваҳдати миллӣ вобаста дорем. Зеро роҳи ягона ва шарти ҳатмии сулҳу салох, рушди устувори кишвар, баланд бардоштани маърифати ҳуќуќӣ ва сиёсии мардум, некўаҳолии он, расидан ба ҳадафҳои олии инсонӣ ва ободии Ватан, суботу оромӣ мебошад. Ва  мо бояд сулҳу оромиро ҳамеша чун  неъмати азизтарин эҳтиёт ва ҳифз намоем.

Тавассути ваҳдати миллӣ мардуми шарифи Тоҷикистон дастовардҳои зиёдеро ба даст оварданд, ки ин ҳама таҳти  роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардиданд.

Чунончӣ, дар тўли сӣ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои хеле баланд ноил гардидем.

Мардуми шарифи тоҷик набояд аз хотир барорад, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт, чандин нафарони бегуноҳ ќурбон гардиданд, бе хонаву ҷой монданд, ин ҷанг    тоҷикистониёнро маҷбур сохт, ки барои бартараф кардани харобиву хисороти он солҳо заҳмати шабонарӯзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул намоянд.

Қариб даҳ соли истиқлолият тамоми нерӯ ва талошҳои Ҳукумати кишвар барои барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, пеш аз ҳама, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар фирориён, барқарорсозии баъдиҷангӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона гардид.

Дар натиҷаи ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият танҳо дар 15 соли охир даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ зиёд гардида, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар афзоиш ёфтанд.

Бояд қайд намуд, ки бо қарори ЮНЕСКО соли 2007 соли бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ эълон шуда буд, ки ин ба даҳумин солгарди Ваҳдати миллии мо рост омад.

Дар «Маснавии маънави» – и Мавлавӣ щояҳои олии башардӯстӣ тарщибу ташвиқ гардидаанд. Зимнан бояд қайд намуд, ки Мавлоно ваҳдатро аз ҷумлаи заруриятҳои асосии пайвастагӣ ва робитаи халқҳову динҳо дониста, ҳам дар ҳаёт ва ҳам дар ашъори худ мардумро сарфи назар аз миллату наҷод ва дину мазҳаб ҳамеша ба дӯстиву рафоқат даъват намудааст. Мавлоно фармуда:

Мо барои васлкардан омадем,

Не барои фаслкардан омадем.

Қайд кардани номи Ҷалолиддини Балхӣ дар ин мавзӯъ маънои онро мефаҳмонад, ки ба ҳам таҷлил намудани ин ду ҷашн миллати моро ба таҳкими минбаъдаи иттиҳодиву ягонагӣ, огоҳиву худшиносӣ роҳнамоӣ мекунад.

Дар шароити кунунии кишвар бояд ҳар як фарди бонангу номус манфиати Ватан, давлат ва миллати худро аз ҳама боло гузошта, ҷиҳати рушту ободии Тоҷикистони азиз саъю талош намояд, то наслҳои оянда бо кору номи неки имрӯзиён ифтихор намоянд.

Ватан дар баробари мо дар муқаддасоти воло буда, дар сарнавишти инсон нақши ҳалкунанда дорад. Бе Ватан инсон бесарнавишт ва беқурбу манзалат аст. Бесабаб нест, ки арзишҳои волои ватандорӣ ҳанӯз дар даврони орёиҳо зуҳур карда, дар китобҳои «Маҳобҳарата» ва «Авесто» тавсифу ситоиш шудаанд. Арзишҳои ватанпарастиву миллӣ дар замони давлатдории Сомониён дурахшу ҷилои тоза пайдо намуда, рушду такомул ёфтаанд.

Агар ҳазор сол пеш давлати бузурги Сомониён бинобар зиддиятҳои дохилӣ ва мансабталошию тахту тоҷхоҳии бародарони ҳамхун завол ёфта бошад, пас ҳамин иштибоҳи фоҷиабор соли 1992-юм дар ощози роҳи давлати тозаистиқлоли мо тоҷикон бори дигар такрор шуд. Вале хушбахтона маҳз ба шарофати хиради азалии халқ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллии фарзандони бо нангу номуси Ватанамон, аз он ҷумла Эмомалӣ Раҳмон мухолифати мусаллаҳона сари вақт бартараф ва бақои давлату Ваҳдати миллат таъин карда шуд.

Илова бар ин, мо бояд дар ёд дошта бошем, ки Ватан танҳо марзу бум ва ҳудуди муайяни ҷущрофӣ нест. Ватан пайванди ногусастани наслҳои дирӯзу имрӯзу фардо муҳофизати Ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои он, пос доштани хотираи некӣ аҷдодон, ҳифз ва гиромидоштани мероси таърихиву фарҳангӣ ва саъю талоши доимӣ ба хотири пешрафти давлату миллат ва шукуфоии Ватани аҷдодӣ аст.

Дар айни замон мардуми кишварамон бо шукронаи сулҳу амнияти саросарӣ ва Ваҳдати миллӣ, ки воқеан сарҷашмаи тамоми пешрафту осудагиҳои ҳайёти инсон аст, ба таҷлили ҷашни пешвои мазҳаби аксари мусалмонони дунё Нӯъмон Ибни Собит бо тахалуси Имоми Аъзам омодагӣ мебинад. Зеро бо қарори Ҳукумати Ҷумҷурӣ ва фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 соли «Бузургдошти Имоми Аъзам» эълон шуда аст.

Мусолиҳати миллии мо дар таърихи навини миллати куҳанбунёдамон дастоварди бузург ва беназир аст. Аз ин рӯ ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзилати Тоҷикистонро азиз мешуморад,бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими Ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандиву қарзи фарзандӣ дониста, ба халалдор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад.

Ваҳдати миллӣ на танҳо асоси оромиву осудагии халқ, балки кафолати инкишофи давлат ба рушди ҳамаҷонибаи ҷамеа мебошад. Бояд қайд намуд, ки барои Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба қатори давлатҳои пешрафта расонидани заҳматҳои дурударози чандинсолаи кашидан лозим аст. Щайр аз ин дар зиндагии мардуми кишвар камбудиҳои назаррас хеле зиёд ҳастанд.

Лекин ман ҳам чун як фарди ҷомеа итминони комил дорам, ки ҳамаи ин мушкилоту камбудиҳоро бо роҳи Ваҳдату якдилӣ ва аҳливу сарҷамъи анҷом медиҳем ва Тоҷикистони азизро обод мекунем.

Барои ин бояд ҳар як шахси ватанпарасту сулҳхоҳ ва махсусан ҷавонон дар замири худ эҳсоси наҷиби Ватанро ва барои таҳкими он ҳамчун арзиши нодир ва азизи миллӣ кӯшишу талош намоем.

Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт.

Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт.

Бинобар ин, ваҳдати миллиро, бешубҳа, метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем.

 

Акмалова М. – декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

You might also like