ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ – ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Худшиносии миллӣ – маҷмӯи ҷаҳонбиниҳо, худогоҳиҳо, арзишҳо  ва муносибатҳое мебошад, ки аҳамияти бузурги таърихӣ доштани миллатро инъикос карда, мақоми миллатро дар байни дигар қавму миллатҳо нишон медиҳад. Худшиносии миллӣ шарти зарурии ҳастӣ ва як ҷузъи асосии тараққиёти миллат маҳсуб меёбад. Худшиносии миллӣ асоси ҳаёти маънавии ҳар як миллатро ташкил медиҳад. Худшиносии миллӣ аз худшиносии афроди алоҳида оғоз гардида, баъдан дар шаклгирии худшиносии миллӣ саҳмгузорӣ менамояд. Худшиносии афроди алоҳида – ин яъне ҷавоб ёфтан ба саволҳои зерин аст, ба монанди: «ман кистам?»,  «падару модарам кистанд?», «миллатам чист?», «аз куҷо омадаам ва ба куҷо равона ҳастам?», «роҳи ман кадом аст?», «рисолатам чист?» ва ғ. Вақте ки инсон ба ин гуна суолҳо ҷавобҳои комил меёбад,  ба оғози ҳаёти солиму комил қадам мениҳад ва дар пешравии миллати хеш саҳмгузорӣ менамояд.

Таърихи илму фарҳанг ва адабиёти форс-тоҷик ҳамеша ҳамчун сарчашмаи ҳуввиятсози миллат хизмат кардааст ва ҳар як фарди миллати моро ба нангу номуси миллӣ доштан, ифтихор аз арзишҳои гаронбаҳои миллӣ намуданро меомӯзонад.

Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз осору таълимоти ниёгони худ чун Зардушту Рӯдакӣ, Фирдавсию Сино, Хайёму Саъдӣ, Мавлавӣ, Ҳофиз, Низомӣ,  Айнӣ, Иқбол ва дигарон огоҳ аст ва ҳамаи ин бузургон ва бисёр дигар нобиғаҳои миллати мо – моро дар чаҳорчӯбаи асили одамият, инсонмеҳварӣ, дар асоси арзишҳои бузурги инсондӯстӣ, ки хоси миллати эронинажод аст, тўли асрҳои зиёд тарбият кардаанд.

Таълимоти марксизм ленинизм таълим медод, ки инсон тавассути меҳнат аз ҷангал ба ҳолату андоми зебои инсони имрӯзӣ расидааст. Дар Ғарб бошад, Арастуро ҳамчун асосгузори таърихи фалсафа шинохтаанд, аниқтараш ҳамчун асосгузори илми фалсафа. Дар Шарқ илм хеле барвақттар оғоз гардидааст ва маҳз ниёгони мо – ориёиҳо асосгузори аввалин ҷаҳонбиниҳои устуравӣ, динӣ, динӣ-фалсафӣ, фалсафӣ, илмӣ, илмӣ-фалсафӣ будаанд. «Авасто» ҳамчун энсиклопедияи пеш аз ҳама илмӣ, динӣ, динӣ-устуравӣ, динӣ-фалсафӣ ва илмӣ-фалсафӣ  дар муайяну муқаррарсозии самти минбаъдаи ҳаёту фаъолияти эронитаборон, алалхусус миллати тоҷик саҳми босазое доштааст. Авасто пурарзиштарин ва муҳимтарин ҷавҳаре дорад, ки асоси онро чунин суханҳо ташкил медиҳанд: «Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек». Дар ин чанд калима (ва ё ибора)-ҳои бисёр кӯтоҳ тамоми ҳикмату асли башарият ғунҷонида шудааст барои имрӯзу фардо, барои ҷовидон.

Дар асл, ин чанд калима аслу моҳияти миллати тоҷикон, худшиносии миллии моро ташкил медиҳад, ки ботини неку гуфтори неку рафтори нек ҷавҳари ҳастиямонро инъикос  кардааст.  Зардушти Спитамен на танҳо аввалин шоиру олим, файласуф, муаллими ахлоқи инсоният (чуноне ки Нитсше дар “Чунин гуфт Зардушт”-и худ бо исрор таъкид менамояд), балки муаррихи таърихи фалсафа низ мебошад. Зеро ӯ тамоми осори ниёгонамонро: нуҷум, тиб, таърих, дин, афкори фалсафӣ, ахлоқ ва ғайраро дар як ҷамъбасти куллӣ ба мо ба мерос гузоштааст. Муборизаи хайру шарр, некиву бадӣ ва  ғалабаи некӣ бар бадӣ дар Авасто нишонгари он аст, ки мо – Ориёиён – Тоҷикон  худшиносии инсониятро асос гузошта, таърихи фалсафаи оламро бунёд гузоштаем.

Дар давраи ислом, донишмандони форс-тоҷик – Форобӣ – муаллими сонӣ, Пури Сино – устоди табибони ҷаҳон, шайхурраис, амири файласуфон, Закариёи Розӣ, Берунӣ, Умари Хайём ва даҳҳо тани дигар бахусус дар фалсафа, тиб, нуҷум ва дигар олимони давр номбардори миллати қадими худ шуданд, ки осори эшон то асри XIX китобҳои тадрисии донишгоҳҳои Ғарб маҳсуб ёфта, дар рушду равнақи минбаъдаи илми ҷаҳонӣ саҳми беандоза гирифтаанд.

 

Султонова А.Ҷ. – муаллими калони

кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ

You might also like