Хиёнатҳои ТЭТ ҲНИ
Асосгузории Сулҳу Ваҳдати миллӣ, пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ дар санаи 21.12.2021 ҳамчун кафили адолат, қонуният ва тартибот бо ҳифзи амнияти шаҳрвандон, қонуншиканиҳо, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фазои муносиби эҷоди қонун ва риояти онро суханронӣ намудаанд.
Миллати тоҷик дар марҳилаи басо ҳассоси таърих симои пешвои худро дар шахсияте дид, ки ӯ аз қалби мардум бархост ва бо садоқати беназир ба халқ ва ба ин марзу бум дар замони бениҳоят мураккаби гузариш рисолати пурмасъулиятро ба дӯш гирифтааст.
Аз ин лиҳоз, аз тарафдор ва намояндаҳои ТЭТ ҲНИ мо зиёиёни кишвар ҳамҷоя талаб дорем, ки ба фаъолияти давлате, ки манфиатҳои худро баҳри ободии халқ, дар сулҳу салоҳ зиндагӣ доштан, равона карда истодааст халалдор нашаванд. Гузаштагони мо, борҳо шакли ташкили иҷтимоии беназирро эҷод намуда буданд, ки он шакли санҷидашударо имрўз мо меомўзем ва пайваста бо тақозои замони муосир тадбиқ менамояд. Воқеан ҳам, ҳамон расму қоидаҳо умри ҷовидон дораду нигоҳ дошта мешавад, агар рақобатпазир бошанд. Ва ифтихор бояд кард, ки кулли арзишҳо ва меёрҳои иҷтимоиро, ки ориётаборон эҷод намуда буданд, дорои сифатҳои умумибашарӣ буда ба мазмуни ҷомеаи дунявӣ комилан рост меояд ва заминаҳои бунёдии он хам мебошад.
Воқеан таърих мурабии беназир барои имрўз аст. Зеро, он натанҳо ба ҳодисоти замон ҳукми воқии муайян мекунад, балки сабақи он роҳи ояндаро рўшан менамояд. Бахусус, илмҳои ҷомешиноси пайваста бо омўзишу пажўҳиши ҷараёни хаводиси иҷтимои-иқтисодии ҷомеа ва воқеяти иҷтимоӣ сабабҳои решагии ҳаводиси пурталотуми ҷомеаро муаяйн менамояд, то ин, ки минбад барои оянда манбаи донишу сабақ бошад.
Акнун, ки давлати исломии Эрон бо Тоҷикистон дўстию бародарӣ дуру дороз дорад, чаро дар конфронсҳои худ шахсони ғарзноке, ки ба миллати тоҷик хатар меоваранд, даъват мекунад. Азизон, дар хонаи худ ва ватани худ агар муносибати дўстона ва якдигарфаҳмиро натавонед ба ҷо оварда, пас чаро аз ҳамсоягони худ чораи ин масъаларо меҷўед. Магар ору номуси инсонӣ ин аст, ки рафторҳои номаъқули зиндагии худро ба дигарон маълумот медиҳед.
Ҳар як шахс бояд дар зиндагии худ дар ватани худ барои осоиштагии худ тадбирҳо ҷўяд ва ин тадбирҳоро на аз дигарон ёбаду ба онҳо такя кунад. Ҳар як мардуми шарифи Тоҷикистон мусалмон аст, ҳамаи мардум дар бораи чӣ будани дини ислом, гуноҳу савоб, неку бадро хуб медонанд. Ҳарчанд давлат сохти демократӣ, ҳукуқбунёд, дунявӣ бошад ҳам, мардуми тоҷик аз рукну одатҳое, ки доранд ҳаргиз дур намешаванд.
Нақши шахс дар таърих аз мавзӯъҳои басо ҷолиб ва мураккаби илми ҷомеашиносист. Таърих гувоҳ аст, ки таҳаввули бунёдӣ дар ҳаёти сиёсӣ, андешаи миллӣ, фарҳанги зиндагӣ ва шуури иҷтимоии ҷомеа бо кору пайкори шахсиятҳои барҷаста, шахсиятҳое, ки дар фазилату иродаи сиёсӣ, маънавӣ ва ахлоқии худ ормонҳои таърихии мардумро таҷассум кардаанд. Мардуми кишвари Тоҷикистон боз аз нав сохтро дигар кардан намехоҳад, чунки дар азнавбунёдкунӣ боз табаддулот мехоҳад. Дар ин ҷода боз мардуми азияткашида дар азоб мемонад. Боз ҷангу ҷидол, кашкашаю бар манфиат кор кардани ашхосе ба хеҷ кас лозим нест. Аз ин сабаб ба кулли мардумоне, ки ин ташкилоти террористиро дастгирӣ мекунанд аввал аз ёди мардум кунед, то ба коре даст задан!
Рӯшан аст, ки на ҳама сарварони давлат дар таърих ҳамчун пешвои миллат ворид шудаанд. Ин аст, ки пешвои миллати мо соҳиби сифатҳои инсонианд: камолоти ҷисмонӣ, борикбинию дурандешӣ, зиракии табиӣ, ақл ва хотираи солиму мустаҳкам, бофаросат, хушбаён ва тозабаёни андешаҳо, маърифатнокӣ, муҳаббат ба ҳақиқат, нафрат ба дурӯғ ва дурғгӯён, қадри шарафу номус, нияти нек ва ҳимматбаландӣ, адолатнокӣ, дар зарурият бо қатъият рафтор намудан, дар ҳама ҳолат ҷасуриро аз даст надодан ин фазилатҳои мардии пешвои даврони худро мо дида истодааем.
Мухиддинов М.- дотсенти кафедраи маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ