ХИËНАТ БА ВАТАН – ХИСЛАТҲОИ НОБАХШИДАНИСТ
Тўли 30 сол аст, ки бадхоҳону бадандешони миллати мо талош бар он доранд, ки дар ин кишвари сулҳпарвару осоишта ва дорои осмони пур аз фазои Ваҳдат, фитнаи кибру ғурур ва ноадолативу разолат, ки дар тинати онҳо ҷой гирифтааст ва наметавонанд аз ин бемории табобатнашаванда халосӣ ёбанд, дар вуҷуди худ раҳму шафқат ва муҳаббату садоқатро нисбати Ватани аҷдодӣ, ки хуни нофашон дар он рехтааст, кошта шавад.
Ҳарчанд аз кишварҳои дур истода санги маломат ба миллати худ мезананд ва хостори тирагии кишваре чун Тоҷикистонанд, ҳаргиз мақсаду мароми онҳо ҷомаи амал нахоҳад пўшид, зеро ҳар нияте ки бунёдаш бад аст ва нияти ғаразноке дар ниҳодаш мепарварад, ба ҳадаф расидани он амрест маҳол.
Маълум аст, ки дар охирҳои асри 20 ва оғози асри 21 падидаи наве бо номи гурўҳи ифротӣ, ё худ тероризм, ки идеологияи номатлуби замон аст, падидор гашт ва дар ҷавори худ шахсиятҳои пастфитрат ва ноогоҳ аз ҳақиқатро ҷалб намуда, мардумро дар доми тарсу ҳарос қарор додааст.
Ин боди номатлуби асри навин шахсиятҳои аз ҷиҳати рўҳӣ носолимро ба доми худ кашидааст ва баҳри нооромию бесуботи кишварҳо онҳоро ҳамчун воситаи барангезандаи чунин нооромиҳо омода сохтанд, ки бархе аз онҳо зодагони Тоҷикистон мебошанд ва мехоҳанд дар кишвари мо низ иғвову ошўбро барпо намуда, мардумро даргири чунин дасисабозиҳо созанд.
Аз ВАО ва расонаҳои бурунмарзӣ баралло ба чашм мерасд,ки талоши ин шахсиятҳо носипос ва пастфитрат то ҳол давом дорад ва онҳо хоҳони он ҳастанд, ки ин идеологияи нодурустро идома дода, ҷавонони ноогоҳро ба доми фиреб афкананд ва барои пули ночиз шуда, фазои орому сарозер аз пешрафтҳои нотакрори кишварро ғуборолуд кунанд, вале фикру таҳаммул намекунанд, ки: «ҳар карда ҷазо дорад» ва ҳеч коре бемузд ва подош намемонад. Зеро аз роҳ боздоштан ва ба доми худ афкандани як инсон масъулияти азиме бар душ гирифтан аст. Вале сад афсус чунин шахсони мариз ва ба доми фиребафтода ҳаргиз фикр намекунанд, ки фардо ҷавоби он дар гардани онҳо аст.
Пешрафти Тоҷикистони азиз ва идеологияи пешгирифтаи мамлакат ниҳоят мустаҳкам ва побарҷо аст, ки ҳаргиз ягон мақсаду мароми ин шахсони нопок ба ҳадаф расидан наметавонад ва инҳо бояд дуруст дарк намоянд, ки ин роҳи пешгирифтаи онҳо танҳо беномусиву бешарафиро барои онҳо овардаасту халос.
Бо тамошои филмҳои ҳуҷҷатӣ мардуми соҳибфарҳанги тоҷик ба ин саркардагон танҳо дуои бад кардан ва нафрат хондан посухи дигаре надорад.
Зеро аз дасти ин шахсони пастфитрат ва берун аз хислати одамӣ чандин модарон бефарзанд, чандин кўдакон бепадару модар ва садҳо оилаҳо хонавайрон шудаанд, ки гуноҳи он танҳо дар гардани инҳо аст.
Дар охир бояд зикр намоям,ки бузурге фармудааст:
Ман неки ту хоҳаму ту хоҳи бади ман,
Ту нек набиниву ба ман бад нарасад…
Ашуров С.Х.- дотсент,
декани факултети бизнес
ва идоракунии ДДҲБСТ