Паёми Пешвои муаззами миллат – роҳнамои фаъолияти мост

7 январи соли 2022 дар маҷлисгоҳи бинои таълимии №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мулоқот баргузор гардид. Вохӯрӣ таҳти унвони “Паёми Пешвои муаззами миллат – роҳнамои фаъолияти мост” доир гардида, дар он муовинони ректор, садорати факултетҳо ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок ва баромад намуданд. Муовини ректор оид ба таълими донишгоҳ Ҳаким Ғаюров дар оғози мулоқот иброз дошт, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати роҳнамо ва дастури созандаест, ки сокинони сарбаланди кишвари азизамонро ба сӯйи музаффарият ва зиндагии шоиста ҳидоят менамояд. Дар идомаи номбурда дар мавзӯи “Маориф – оғози бунёди миллӣ” маърӯза иро намуд. Иброз шуд, ки Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатӣ бо овардани далелҳои  равшан   зикр намуданд, ки маориф аз самтҳои ниҳоят муҳим дар инкишофи мамлакат  арзёбӣ  мешавад.

Инчунин, дар идомаи мулоқот профессори донишгоҳ Абдулатиф Раҳимов таҳти унвони “Ҷабҳаҳои асосии иқтисодии Паёми Пешвои миллат”  ноибректорон – Мубина Хоҷаева дар мавзӯи “Нақши занону бонувон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ”, Даврон Бобоҷонов таҳти номи “Сиёсати «Дарҳои кушод» дар Паёми Пешвои миллат”  ва Шуҳратҷон Кенҷаев дар мавзӯи “Паёми навбатӣ кафили ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд” баромад карданд.

Баромадкунандагон афзуданд, ки Президенти Тоҷикистон  зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат   бо таҳлили вазъи соҳаҳои гуногун барои рушди бештари иқтисодиёт, саноату кишоварзӣ, маорифу фарҳанг, тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳодҳои судманд ба миён гузоштанд. Бо назардошти ин моро зарур аст, ки ба истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда таваҷҷуҳ зоҳир карда, баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аз тамоми имкониятҳо истифода барем.

Илова шуд, ки Паёми Пешвои миллат дар баробари аҳамияти сиёсиву ҳуқуқӣ инчунин аҳамияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ низ дорад. Суханону андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомӯзи Сарвари давлат зимни ироаи паёмҳояшон дар бораи адлу инсоф, таълиму тарбия, илму маориф, ватану ватанпарастӣ, саховату эҳсон ҳар фарди ватандӯстро водор мекунанд, ки барои пешрафту шукуфоии  мамлакат ҳисса гузорад.

Дар интиҳо қайд гардид, ки Паёми Сарвари мамлакатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати амалинамоии дастуру супоришҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намоем. Аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки ин дастури судмандро пайваста омӯхта, дар дарсҳои тарибиявиву чорабиниҳои беруназсинфӣ ба донишҷӯён омӯзонанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like