Тақвияти ҳамкориҳои ДДҲБСТ бо Маркази Конфутсияи назди Донишгоҳи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон

Тайи солҳои охир ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишварҳои хориҷии дуру наздик ва ташкилотҳои байналмилалӣ густариш меёбад.

Дар доираи ҳамкориҳо бо Маркази Конфутсий дар донишгоҳ барои омўзиши  забони хитоӣ шароит фароҳам гардид. Ҳоло  донишҷўёни курсҳои 2 ва 3-и донишгоҳ ба омўзиши забони хитоӣ  фаъолона иштирок намуда, имконият пайдо мекунанд, ки дар Маркази Конфутсияи назди Донишгоҳи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон имтиҳони забони хитойиро бомуваффақият супориданд. Инчунин, кормандону устодони донишгоҳ дар ин муассисаи олӣ мубодилаи таҷриба менамоянд.

Дар заминаи  ҳамкориҳо ба муносибати 30-солагии барпо шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Чин ва 20-солагии таъсисёбии Созмони Ҳамкории Шанхай дар Донишкадаи Конфутсияи назди Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон, ки яке аз муассисаҳои олии ҳамкори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мебошад, чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ мудири кафедраи забонҳои хориҷии донишгоҳ, дотсент Ҳамза Эгамназаров, ассистенти кафедраи мазкур Завқиддин  Рустамзода ва донишҷўёни ихтисоси таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ иштирок намуданд. Инчунин дар чорабинӣ намояндагон аз раёсати донишкада, директори генералии ҶДММ «Корхонаи кўҳию саноатии Тоҷикистон», намояндаи суғдии маркази дўстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ, сармуҳаррири рўзномаи «Согдийская Правда», намояндагон аз донишгоҳҳои ҳамкор, падару модарон ва донишҷўён ширкат варзиданд.

Аз тарафи баромадкунандагон зикр карда шуд, ки мояи фараҳмандист, ки тайи 30 соли охир муносибатҳои дўстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн масири рушди бемайлон касб карда, ба сатҳи баланди шарикии стратегии ҳамаҷониба расидаанд.

Дар бахши фарҳангии чорабинӣ донишҷўёни ДДҲБСТ  дар бораи Ватан, сулҳ, дўстӣ ва эҳтироми  якдигар шеъру суруд хонда, табъи иштирокдоронро болида гардониданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ 12 нафар донишҷўёни ихтисоси таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангии ДДҲБСТ барои дониши хубу аъло, рафтори намунавӣ ва иштирок дар чорабиниҳои фарҳангии донишкадаи Конфутсий бо Ифтихорнома ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Аз тарафи иштирокдорон таъкид карда шуд, ки ҳамкории ду кишвари дўст ва ҳамсояи наздик бо такя ба таҷрибаи созандаи то имрўз андўхта минбаъд низ густариш ёфта, ба манфиатҳои аслии мардуми ду кишвар хизмат хоҳад кард.

 

 

You might also like