ПЕШВОИ  МИЛЛАТ – КАФИЛИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

Хушбахтона, аз рӯзи ба сари ҳокимият омадани Эмомалӣ Раҳмон бо баҳисобгирии  хусусиятҳои  таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ-сиёсӣ асоснокии худро дар пояи давлатдории миллӣ дарёфт.

Пешвои муаззами миллат хизматҳои шоёни амсоли Абулқосими Фидавсӣ,  Носири Хисрав, Камоли Хуҷандӣ, Саъдии Шерозӣ, Мавлоно  Ҷалолиддини Балхӣ ва дигаронро борҳо таъкид менамоянд. Алалхусус, ақидаи беназири Шайх Саъдӣ оид ба Ваҳдати умумиҷаҳонӣ ба пештоқи СММ сабт гардидааст:

Банӣ одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Афкори шоир баробари ҳамаи башариятро новабаста нажод, миллат, мазҳабу дин, забону ҳувияти миллӣ баробар будани онҳо равона карда шудааст.Дар ҷаҳонишавии имрӯза ҳамаи самтҳои зиндагии инсон ваҳдати ботинӣ ва зоҳирӣро тақозо менамояд. Дарди рӯзгор- ихтилофҳо бояд аз баӣн раванд, Ваҳдати ҷомеа омили шоистаи зиндагӣ, рушди намоӣ кишварҳо, ободии ҳар як манзили башарият мебошад ва ҳамин аст, ки ормони мутафаккир ва даъвати он ба аҳли башар.

Дар шароити  фалаж гаштани  давлат барои тамоми манотиқи кишвар вакилони халқ бо якдилӣ, боҳамдигарфаҳмй барои барқарор намудани асосҳои давлатдории тоҷикон, устувории қонуният, аввалин пояҳои ваҳдати миллӣ фарзанди фарзонаи миллатро дар 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ Ичлосияи  16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раиси Шӯрои Олӣ  ва Сарвари давлати Тоҷикистон интихоб намуданд. Нахустин суханҳои суллҳофарину ваҳдатофарин Сарвари давлат садо дод: “Ман ба Шумо сулҳ меоварам… Мо ҳама бояд ёру биродар бошем”. Ин иқдоми жонофарин ба дили халқ руҳи тоза бахшид, ин нияти пок  ба ҳикмати ниёгон “ Сухани нек, рафтори нек, гуфтори нек” пайваст  гардид.

Сарвари ҷавон, сиёсати сулҳоваронаи  худро бо қарори оид шахсон ва ташкилотҳои  ҷамъиятӣ, хизбҳои сиёсӣ  амалиётҳои мусаллаҳонаи  ғайриқонунӣ  аз  27 март то 25 ноябри соли 1992  содир карданд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод намуда, дар мамлакати оташзада  ҳуқуқ ва озодии инсонро ба мадди аввал гузашт.

Яке аз хидматҳои асосии Президенти Тоҷикистон дар он аст, ки вай ба хотири ояндаи Тоҷикистонн пушти мизи музокира бо Иттиҳоди мухолифини тоҷик (ИМТ) нишаст ва дар мушкилтарин шароити ҷараёни музокирот  ин равандро ба фароми мантиқ -имзои созишномаи сулҳ расонд.

Ҷаноби Олӣ таъкид карданд, ки  “Ваҳдати миллӣ барои кулли мардуми Тоҷикистон арзиши муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодату бедории миллат мебошад. Озодӣ, истиқлолият, сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва созандагию бунёдкорӣ маҳз аз шарофати Ваҳдати миллӣ насиби мо гардидааст.Бинобар ин вазифаи ҷонии ҳар кадом шахси бомаърифат  аз он мебошад , ки чун гавхараки чашм Ватанамон – Тоҷикистонро ҳифзу химоят намояд ва онро азизу муқадддас дорад.

Сулҳ ва ваҳдат дар рисолати фарзанди арҷманди миллату халқ таҷассум ёфта,  мардумро ба роҳи рост ҳидоят  намуд, ки 27 июни соли 1997 дар ш. Маскав   “Қарордоди умумиии сулҳ байни ҳкумати  Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик (ИМТ) ба имзо расид. Академик Ф.Раҳимӣ барҳақ мегӯянд, ки хидматҳои беназири Президенти Тоҷикистон, инчунин дар роҳи барпо кардани сулҳу субот ва вахдати миллӣ, пойдор намудани пояҳои давлатдории миллӣ бо таваҷҷӯҳ  ба гузаштани пурифтихор, ҳифз кардани тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи  Тоҷикистон новабаста аз миллату нажод, забон ва дину оин муҳим  ва қобили мулоҳиза арзёбӣ мешавад.

 

Султонова А.Ҷ. – сармуалллимаи кафедраи фанҳои ҷамиятии ДДҲБСТ

You might also like