Вокуниш оиди воқеаҳое, ки рӯзҳои охири моҳи ноябри соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯҳ додаанд

Раванди имрӯзаи ҷаҳоншавӣ собит сохта истодааст, ки аз мухолифот кишварҳои бузург пора мешаванд ва аз ваҳдат давлатҳои хурд ташаккул меёбанд.

Дар ин раванд ватандӯстӣ, ваҳдат ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ба идеяи миллии мо табдил ёфтаистодааст, ки аз он болотар дастоварде нест.

Барои ташаккули як миллат дар ҳама замонҳо ваҳдату худшиносӣ нақши калиди дошт. Сипоҳ, қудрат ва тавоновию сармоя ягон арзише надорад, вақте дар ҷомеа худшиносиву ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҷойгоҳи худро надошта бошад.

Таи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифродгарон ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриқонунӣ ва кирдорҳои нодуруст авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузарад.

Бесабаб нест, ки имрӯз терроризм ва гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ боиси ташвишу нигарониҳои мардуми олам гардидааст. Мутассифона аксари шахсоне, ки бо гурӯҳу созмонҳои ифротгароӣ мепайванданд, онҳое мебошанд, ки сатҳи саводи зарурӣ надоранд.

Боре мо бояд ба воқеаҳое, ки баъд аз истиқлолияти худ назар афканем. Дар натиҷаи сар задани ҷанги шаҳрвандӣ як кишвари ободу осудаи мо ба чи рӯзҳо гирифтор гардид.

Ҳазорон нафар ҳамватанони мо аз манзили истиқоматӣ маҳрум гашта, қисмате қурбони ин фоҷиаи миллӣ гардиданд.

Новобоста ба ин халқи тоҷик ба субҳи умед эътимод дошта, сафедии шабро интизор шуда ва беохир ба афкори озод дари саодатро бикшод.

Дар воқеъ, имконияти техникӣ бо роҳҳои гуногун ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ амалкунанда ба вуҷуд овардааст ва онҳо кушиш мекунанд, бештар бо роҳҳои мухобирот ҷавонону наврасонро ба сафи худ ҷалб намоянд.

Ин омил одамони калонсол, хусусан устодону омӯзгоронро водор мекунад, ки мунтазам дар дарсҳои таълимӣ расидан ба қадри сулҳу ваҳдат талқин намоянд ва ҳаводиси фоҷеабори мамлакатҳои Шарқи наздик алалхусус Афғонистонро ба ҷавонон тавзеҳ бахшанд, то ҷавонони огоҳманду ватандӯстро ба камол расонем.

 

Тошматова М.Д. – мудири кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

You might also like