Табрикоти солинавии ректор, профессор Шарифзода Муъмин Машокир

Муҳтарам ҳамкорон, устодон ва донишҷўёни гиромӣ!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун ҳамаи Шуморо бо фарорасии Соли нави мелодии 2022 сидқан табрику муборакбод менамоям.
Соли 2021 зери таассуроти наҷибу нотакрор аз тантанаҳои бошукӯҳи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси олӣ ироа гардид, барои ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ соли неку хотирмон ба ҳисоб меравад.
Музаффариятҳои фараҳбахш ва падидаҳои созандаи соҳибистиқлолӣ, ки марҳилаи амалишавии нақшаҳои азими созандагӣ, ҳадафҳои стратегӣ, таҳкими сулҳу суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ноил шудан ба зиндагии шоиста ба ҳисоб меравад, барои фаъолияти пурсамари ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон илҳоми тоза бахшида, бо иҷрои нақшаҳои тарҳрезишуда ба дастоварду муваффақиятҳои беназир ноил гардиданд.
Аз рӯи таҳлили натиҷаҳо ва нишондиҳандаҳои ҷамъбасти соли 2021 ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардидани донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиадаи Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, давраҳои озмунҳои “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурўғи маърифат”, “Маданияти андозсупорӣ-баҳои бофарҳангии ҷомеа”, “Донишҷӯи сол-2021”, мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалию минтақавӣ, афзудани теъдоди гирандагони унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, стипендияҳои номӣ, дипломи аъло, ҳимояи рисолаҳои илмӣ, татбиқи амалии якчанд лоиҳаҳои грантӣ, вусъат ёфтани раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ муваффақиятҳои назарраси 2021 маҳсуб меёбанд, ки натиҷаи заҳмати пурмаъсули ҳайати устодону профессорон ва донишҷўён арзёбӣ мегардад.
Итминони комил дорам, ки бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат ва таассуроти илҳомбахши соли сипаригашта, ба хотири таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва ободу зебо гардонидани Тоҷикистони маҳбубамон ба соли наве, ки истиқбол мегирем, қадамҳои устувор гузошта, бо нақшаҳои неку ҳадафҳои созанда ва заҳмати ватандӯстонаву аҳлона ба комёбиҳои рўзафзун ноил хоҳем гашт.
Бо изҳори орзуву ниятҳои нек дар Соли нави 2022 бароятон саломатию иқболи нек, рўзгори босаодат ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлол суботу оромӣ, ваҳдати ҷовидона ва пешрафту шукуфоӣ орзу менамоям.

You might also like