Натиҷагирӣ аз фаъолияти ДДҲБСТ дар соли 2021

Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-декабри соли 2021 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти донишгоҳ дар соли 2021 баргузор гардид. Дар кори ҷаласаи ҷамъбастӣ раёсат, ҳайъати профессорон ва кормандону устодони донишгоҳ иштирок намудаанд.

Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода фаъолияти донишгоҳро давоми соли 2021 таҳлулу баррасӣ намуда, иброз дошт, ки соли 2021 зери таассуроти наҷибу нотакрор аз тантанаҳои бошукӯҳи ҷашни 30-солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва  дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон  ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, барои мардуми шарафманди кишварамон соли неку хотирмон ба ҳисоб меравад. Музаффариятҳои фараҳбахш ва падидаҳои созандаи соҳибистиқлолӣ, ки марҳилаи амалишавии нақшаҳои азими созандагӣ, ҳадафҳои стратегӣ, таҳкими сулҳу суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ноил шудан ба зиндагии шоиста ба ҳисоб меравад, барои фаъолияти пурсамари ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон илҳоми тоза бахшида, бо иҷрои нақшаҳои тарҳрезишуда ба дастоварду муваффақиятҳои беназир ноил гардиданд.

Қайд шуд, ки таҳким бахшидани пояҳои моддию техникӣ ба ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав, фаъолияти босамари марказҳои компютерӣ ва тестӣ, Марказҳои омўзиши Аврупо ва забонҳо, Парки технологӣ ва  лабораторияҳои инноватсионӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Дар соли таҳсили 2021-2022  ихтисоси нав 1-260203-23 – логистика ба рох монда шуд. Бо назардошти ихтисосҳои наву замонавӣ қабули довталабон аз рўи 40 ихтисос ба роҳ монда мешавад.

Ҷиҳати такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ дар донишгоҳ машғулиятҳо дар 30 гурўҳи академӣ бо забони русӣ, 12 гурўҳи академӣ бо забони англисӣ ва 2 гурўҳи академӣ бо забони хитойӣ ҷараён мегирад. Таҳсили ихтисосҳои молия ва қарз, муносибатҳои байналмилалӣ, иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ, таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст, илова гардид дар идомаи ҷаласа.Ҳамчунин, иброз шуд, ки соли 2021 барои дастоварди назаррас дар таълиму тарбияи ҷавонон аз ҳисоби устодони донишгоҳ 8 нафар  бо Нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 15 нафар бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 нафар бо Ифтихорномаи МИҲД-и вилояти Суғд, 4 нафар бо Ифтихорномаи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд,  67 нафар бо Ифтихорномаи раёсати донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.

Дар олимпиадаи Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷўён Қурбонов Абдураҳмон Абдурасулович аз фанни системаҳои автоматикунонидашуда, Нуронидин Азизов аз фанни физика,  Нигинаҷон Авезматова аз фанни химия ва Абўбакр Сатторов аз фанни математика иштирок карда, сазовори Диплом ва  Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дониш талабу бузургӣ омӯз…» Меҳрдод Абдураҳмонзода  аз фанни забони англисӣ,  Баҳоваддин Қурбонов аз фанни сиёсатшиносӣ,  Абўбакр Сатторов аз фанни математика, Ҷаҳонгир Фатҳуллозода аз фанни назарияи иқтисодӣ, Муқбил Қурбонализода аз фанни технологияи информатсионӣ иштирок карда, сазовори Диплом ва  Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Дар даври ҷамъбастии Интернет–олимпиадаи байналмилалӣ байни макотиби олии Осиёи Марказӣ ҷойи 4-ум ва байни макотиби олии 150 кишварҳои ИДМ ҷойи 16- ум донишҷӯён Мӯҳсинҷон Маризоев, Абубакр Сатторов ва Мадина Абдувоҳидова аз фанни математика, Ахадҷон Қосимов, Ахмадҷон Мамуров аз фанни информатика, Далер Маризоев ва Сабрина Турсунова аз фанни назарияи иқтисодӣ иштирок ва сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар озмуни илмӣ-таҳқиқотии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Донишҷў ва пешрафти илмию техникӣ дар соли 2021» Моҳпарӣ Дарвешова, Соваршоҳ Азиззода,  Мирзомуҳсин Эргашев, Зоҳидшоҳ Эгамов, Шодибек Шоҳимардонов, Рухшона Хуҷова, Мирзокомил Комилов корҳои илмӣ-таҳқиқотии худро пешниҳод намуда, сазовори Диплом ва  Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Дар давраҳои озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” омўзгорон, аспиранту докторантон, магистрантону донишҷўён фаъолона иштирок карданд. Дар даври вилоятии озмуни мазкур  – Оля Шомуродова ҷойи дуюм ба маблағи 3000 сомонӣ, донишҷўён Омина Ҳидоятова, Шабнам Фатҳуллозода ҷойи сеюм  ба маблағи 3000 сомонӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд қадрдонӣ шуданд.  Боиси хурсандист, ки дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ  устод – Оля Шомуродова ва донишҷӯё Шабнам Фатҳуллозода,  Омина Ҳидоятова фаъолона иштирок намуда, бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯи донишгоҳ Мутриба Мирпоччоева голиби озмуни вилоятии  “Донишҷӯи сол – 2021” гардид.

Айни ҳол теъдоди гирандагони стипендияҳои номӣ: стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 нафар,  стипендияи раиси вилояти Суғд-25 нафар,  стипендияи раиси шаҳри Хуҷанд-4 нафар, стипендияи раёсати донишгоҳ-65 нафар донишҷўёнро ташкил медиҳад, қайд шуд дар ҷаласаи ҷамъбастӣ.

Дар идома таъкид гардид, ки раёсати донишгоҳ дар самти таҳким бахшидани иқтидори илмӣ ва  ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот тадбирҳои амалӣ меандешад. Дар соли 2021 бо иштироки олимону мутахассисони соҳавӣ  конференсияҳоии байналмилалии “Нақши СҲШ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ: 20 соли фаъолияти самарабахш ва дурнамо», «Ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт: ҳолат ва дурнамо», конференсияҳои ҷумҳуриявии ”Консепсияи миллии тарбия – асоси тарбияи насли созандаю бунёдкор” ва «Саноатикунонии босуръат – асоси ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ», “Ваҳдат – пояи якпорчагии миллат”, “Паём-барномаи саодати зиндагӣ”, “Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ: ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии он”, “Назми оламгири Турсунзодаву Лоиқ зинда бод!” , “Истиқлол-рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ” баргузор гардид.

Давоми сол дар Парки технологии ДДҲБСТ зиёда аз 50 чорабинии таълимию фароғатӣ ба амсоли  “Маҷмӯаҳои наврасон (Adolecent kits)” барои омӯзонидани худнамоӣ ва навоварӣ дар заминаи лоиҳаи озмоишгоҳи инноватсионии Технопарки ДДҲБСТ бо дастгирии ЮНИСЕФ баргузор гардид.

Давоми соли 2021 бо мақсади рушди тарбияи ғоявӣ, хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, ватанпарастӣ, ҳуқуқӣ, гуманистӣ, зебоипарастӣ, меҳнатӣ ва касбинтихобкунӣ, экологӣ, сиёсӣ, таҳаммулпазирӣ, масъулиятшиносӣ ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои амалӣ андешида шуда, дар маҷмўъ 745 чорабиниҳои мухталиф ташкилу баргузор карда шуданд.

Донишҷӯёни донишгоҳ бо истифода аз имкониятҳои фароҳамшуда дар донишгоҳ бо дили пур ба сӯи фатҳи қуллаҳои варзиш дар чандин мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, ба ғолибият дастёб гардидаанд. Дар симои чунин ҷавонон донишҷўёни боргоҳи маърифтамон Абдумалик Абдуллоев дар мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба намуди поуэрлифтинг дар Федератсияи Руссия,  дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ Тоштемир Назаров аз рӯи намуди Ушу, Рамазон Давлатов дар мусобиқаи Ҷиу-ҷитсу, Рустам Мадбобоев аз рӯи намуди санъати муҳорибаи омехта, Нигина Ботурова аз рӯи намуди варзиши сабук, Шоҳнур Абдуллоев дар Чемпионати Тоҷикистон аз рӯи намуди ҷанги дастӣ Рамазон Муминзода, Азизхӯҷа Орипов, Шамшод Орипов ва Билолиддин Зиёев аз рӯи намуди гӯштини камарбандӣ ғолибият ба даст оварда, бо  медалу дипломҳо сарфароз гардонида шуданд.

Раёсати донишгоҳ ҷиҳати ба ғамхории доимӣ фаро гирифтани донишҷўёни ниёзманд тадбирҳои амалӣ меандешад. Бахусус, 16 нафар донишҷўёни эҳтиёҷманд, ки дар шуъбаи рўзона ва фосилавӣ таҳсил менамоянд, аз пардохти маблағи таҳсил пурра озод карда шуда, дар арафаи иду айём бо кўмаки яквақтаи пулӣ таъмин карда мешаванд. Инчунин донишҷўёни ятим имконият доранд тариқи ройгон дилхоҳ вақт омада аз ошхонаи донишгоҳ хӯрокҳои серғизоро истеъмол намояд.

Раёсат, ҳайати профессорону омўзгорон ва кормандони донишгоҳ минбаъд  низ  ба хотири  баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтани он, ташаккули тафаккури техникӣ, ҷалби ҷавонон ба китобхониву  забономўзӣ, ҷорӣ намудани навоварию ихтироот дар истеҳсолот ва таҷрибаҳои инноватсионӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, омўзонидани масъалаҳои мубрами давлатдории миллӣ ва  дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон,  мубориза бо гурўҳҳои ҷудоихоҳ, хурофотпарастӣ, гаравиш ба расму ойинҳои бегона ва  таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ободу зебо гардонидани Тоҷикистони маҳбубамон  бо умеди тоза  ҷониби ояндаи дурахшон қадамҳои боэътимод мегузоранд.

Дар қисмати дуюми ҷаласаи ҷамъбастӣ ғолибони озмуни “Кафедраи сол-2021” ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунҳои “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм -фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва ғолибони озмуни “Беҳтарин кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ” инчунин як қатор кормандону устодон, ки дар фаъолияташон ба дастовардҳои зиёд шарафёб гардидаанд, бо маблағҳои пулӣ ва Ифтихорномаву Сипосномаҳои раёсати донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд. Ҷаласаи ҷамъбастӣ бо вазифагузориҳо дар соли 2022 ба интиҳо расид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like