Баъзе масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ ва байналмилалӣ, мубориза бо ифротгароӣ, эстремизм ва тарроризм дар Паёми Пешвои миллат
Ба ҳамаи мо маълум аст, ки санаи 21 декабри соли равон, тавассути расонаҳои хабарӣ ва телевизион Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ироа гардид.
Яке аз масъалаҳои муҳимми Паёми Пешвои миллат – ин мубориза бо ифротгароӣ ва эксремизму терроризм маҳсуб меёбад, зеро маълум аст, ки омилҳои мазкур барои пешрафти ҷаҳони муосир хеле хавфнок ба шумор рафта, ҳамеша аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони маҳкум карда шуда истодааст.
Имрўзҳо давлату ҳукумати кишвар баҳри ҳимоя намудани манфиатҳои кишвари маҳбубамон ва тамини бехатарии мардуми куҳанбунёди тоҷик аз тамоми воситаҳои мавҷуди истифода намуда истода, ҷонибдори барпо намудани сулҳу салоҳи ҳамешагӣ аст.
Шукронаи фазои орому осудаи кишвар, ки имрӯз сулҳу субот дар кишвари мо ҳукмрон асту мардуми кишвар пайи зиндагии орому осудаи кишваранд. Аммо, боиси таассуф аст, ки ҳастанд он нафароне, ки бо ҳаракатҳои нопоки худ ба номи Тоҷикистон мехоҳанд доғ биёранд. Дар мавриде, ки имрўзҳо фазои кишвари маҳбубамон хеле ором аст ногувор сохтани он ягон ваќт дастгирӣ нахоҳад ёфт.
Тоифаи мазкури ватанфурўш аз роҳбарашон сар карда, то аъзои қаториашон ҳаққи муаррифии миллати тоҷикро дар ин қитъаи пешрафтаи олам надоранд. Ҷаҳоннигарии танги динӣ, ҷаҳолату хурофотпарастии онҳо ба миллати шарафманди тоҷик ягон иртибот надорад. Аз ин хотир, мо намехоҳем, ки дар кишвари иқомат миллатамонро ба василаи ин паноҳандаҳои ифротӣ шиносанд. Ҳаќ бар ҷониби Пешвои миллат, ки иброз медоранд:
«Мардуми Тоҷикистон натиҷаи дахолати доираҳои манфиатдори хориҷиро, ки боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта, ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар ва ятим мондани зиёда аз 50 ҳазор нафар кӯдакон гардид, ҳаргиз фаромӯш намекунанд».
Дар асоси ин гуфтаҳо, андеша дорем, ки халалдор намудани суботи ороми Тоҷикистони муосир ягон асоси ҳуќуќӣ надорад ва ҳаминро илова менамоем, ки шукронаи Худованд аст, ки Тоҷикистони муосир тамоми имконияти мубориза бурдан нисбати ин гуна бесару сомониҳоро дорад. Дар Тоҷикистони имрўза, ки қудрати барҳам задани ҳар гуна низоъҳои дохилиро дорад ва дар сиёсати байналмилалӣ ҳам эътибори шоиста пайдо кардааст, мо медонем, ки ягон нафарро бегуноҳ зиндонӣ намекунанд. Дар ҳамин асос, баррасӣ намудани мавзўи мазкур дар Пайми навбатии Пешвои миллат бесабаб набуд, зеро ҷаҳониён медонанд, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори сулҳ, оромӣ ва осоиштагӣ буд, ҳаст ва мемонад.
Дар як маъно Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – роҳнамои дарки сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Тоҷикистони муосир барои ҳар як фарди ватандўст ва таъминкунандаи ҷовидон нигоҳ доштани истиқлолият, ҳувияти миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва давлатдории миллати тамаддунофари тоҷик маҳсуб меёбад.
Санавваров Ғ.Б.-устоди ДДҲБСТ