ЗАМИНАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
«Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва шахсияти таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳуввият ва шарти бақои таърихии миллат ба давлат мебошад. Гузашта аз ин, истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва замонати ҳастии воқеӣ ва бошарофати миллат аст.» – таъкид шуда буд аз тарафи Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Бояд қайд кард, ки истиқлоли давлатии мо дар марҳилаи гузариш аз як низоми иқтисодӣ- иљтимоӣ ба низом комилан нав ба даст омада буд. Агар соҳибистиқлолӣ, аз як тараф заминаи асосии ташаккулёбии иқтисоди миллӣ бошад, аз тарафи дигар, пойдории истиқлолият бо устувории иқтисоди миллӣ алоқамандии зич дорад. Тоҷикистон, мисли дигар давлатҳои собиқи шӯравӣ, маҳз пас аз оғози соҳибистиқлолии давлатӣ ба ташаккулу бунёди иқтисодиёти воқеии миллии худ камар баст. Дар аҳди шӯравӣ Тоҷикистон, гарчанде ки зоҳиран «Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии мустақил дар ҳайати ҷумҳуриҳои иттифоқӣ» ном гирифта бошад ҳам, ба иқтисоди миллӣ худ соҳиб намуд, зеро иқтисодиёти он увзи ҷудонашавандаи иқтисоди миллии ИҶШС буда, асосан ба манфиатҳои умумииттифоқӣ нигарон буда. Мантиқан як иқтисоди миллӣ дар дохили иқтисоди миллии дигар ҷой дошта наметавонад.
Дар ин марҳилаи гузариш давлати соҳибистиқлолу навбунёди тоҷик на танҳо вазифаи ташакулдиҳии рукнҳои давлатдориро дар арзу тӯл, балки ҳамчун институти иқтисодӣ, омодасозии аҳолии кишвар ва субъектҳои иқтисодиро ба муносибатҳои бозорӣ, таъмини ваҳдати иқтисодиро, низ ба дӯши худ дошт. Бояд қайд кард, ки ислоҳоти иқтисодӣ аз сатҳи таффакур, манфиатҳо ва ахлоқи иқтисодии табақаҳои мухталифи ҷомеъа алоқамандӣ дорад. Бинобарон, гузоштани таҳкурсии давлати соҳибистиқлолу нав, чи тавре, ки ба ҳамагон маъмул аст, заҳматҳои пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳуриро талаб намуд.
Барои он, ки иқтисодиёти кишвар хосияти умумиллӣ гирад ва чун як (организми) низоми ягонаи иқтисодӣ фаъолият намояд давлатро зарур буд, ки чунин аслҳои асосии иқтисоди миллиро зина ба зина амалӣ гардонад. Якум, фароҳам овардани фазои ягонаи иқтисодӣ, ки дар асоси конунгузории ягона, воҳиди ягонаи пулӣ, низоми умуми қарзию пулӣ ва молиявӣ ташаккул ёфтааст. Парламенти Тоҷикистон дар давраи фаъолияти худ қонунҳои зиёдеро баррассӣ ва қабул намуд, ки зиёда аз 80 фоизи он марбут ба танзими фаъолияти иқтисодӣ мебошад. Ин қонунҳо чорчӯбаҳои ҳуқуқиро муайян карданд, ки фаъолияти озодонаи субектҳои иқтисодиро аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб (зӯроварӣ, фиребу ғорат, таҷовузи табиат, зарар ба ҷомеъа ва ғ.) эмин медорад. Яке аз муҳимтарин фаъолияти давлат – ин ҳимояи истеҳсолгарон, истеъмолгарон ва кафолати ҳуқуқи моликияти хусусӣ мебошад. Аз тарафи давлат як қатор қонунҳо роҷеъ ба ҳимояи моликияти зеҳнӣ, фаъолияти низоми бонкию – қарзӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ қабул шудааст, ки ҷараёни муносибатҳои бозориро беҳтар намуда ба самти иҷимоигардии он вусъати бахшидааст.
Тавсеаи заминаи андозбандӣ ва объектхои андозбандӣ, таъмини пурраи воридоти андозхо ба буљет, таъмин намудани истифодаи мақсаднок ва самараноки маблагхои буљети, яъне истифодаи маблаѓҳои буљетӣ дар асоси барномахои махсуси соҳавӣ дар фаъолияти мунтазами давлат карор гирифтааст. Оид ба баланд бардоштан сатҳи эътимодноки ба низоми бонкӣ, рушди минбаъдаи карздиҳӣ, аз љумла қарздиҳии ипотекӣ барои манзил, паст намудани фоизи қарзхо, бахусус ба соҳаҳои истеҳсоли чораои мушахасс андишида шудааст. Такмилу густариш додани бозори хизматрасони суѓуртавӣ ва мувофиқ кардани он ба талаботи замон дар радифи взифаҳои асосии Ҳукумати Љумҳурӣ љой гирифтааст. Аз тарафи Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шудааст, ки якљоя бо вазорату идорахои дахлдор ва мақомоти иљроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади љалби бештари сармоягузории мустаким дар бобати дар солҳои наздик дар қаламрави љумҳурӣ ташкил намудани минтақаҳои озоди иқтисоди чораҳои заруриро амали намояд. Ин самтҳои сиёсати иқтисодии давлат на танҳо ба омилҳои пешбари иқтисодиёти миллӣ нерў мебахшад, балки ба рушди сифатан нави иқтисодию иљтимои ҳидоят мекунад.
Дуюм, таъмини алоқаҳои пайвастаи иқтисодии байни манотиқи мухталифи кишвар ва субъектҳои хоҷагидор, ки дар доираи умумии такрористеҳсолоти кишвар ба вуҷуд омадаанд. Бунёди иншоотҳои бузург ба мисли нақби мошингарди Истиқлол (Анзоб), се пул дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон, таҷдиди роҳи Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб ва шоҳроҳи Душанбе – Нуробод – Ҷиргатол – Саритош, шоҳроҳи Душанбе – Нуробод – Ҷиргатол – Саритош, кушода шудани роҳи мошингарди Кӯлоб – Хоруғ – Кулма – Қароқурум, азнавсозии роҳҳои мошингарди Душанбе – Хуҷанд – Мастҷоҳ, Айнӣ – Панҷакент ва оғози сохтмони нақбҳои Шаҳристону Шаршар ва ғ, омили муҳим дар роҳи пойдории иқтисоди миллӣ мебошад. Зимнан, бояд таъкид кард, ки маҳаки ваҳдати миллӣ, устувории миллати тоҷик ва ягонагиву тамомияти иқтисоди миллиро ваҳдати иқтисодӣ муайян мекунад. Дар ҳақиқат, таъкиди назарияи марксисти-ленинӣ ки миллат ва ташакулли он маҳсули ҷамъияти капиталистӣ (сармоядорӣ) мебошад, асос дорад. Зеро, инкишофи муносибатҳои бозорӣ, тақсимоту кооператсияи қаърии меҳнати ҷамъиятро мусоидат карда, алоқамандии бевоситаи истеҳсолгарону истеъмолгарон, мубодилоти натиҷаҳои фаъолияти иқтисодии манотиқи мухталифи кишварро устувор мегардонад. Ин раванд, ба ягонагиву якпорчагии мардуми манотиқи мухталифи кишвар шароити воқеъӣ пайдо мекунад. Эҳьёи Роҳи бузурги абрешим, дар устуворгардии ваҳдати иқтисодӣ сахми бузург хоҳад гузошт. Зеро, ин инфарструктураҳои бузург на танҳо ташакуллу ғанӣ гаштани бозори дохилӣ, балки иштироки Тоҷикистонро дар бораи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.
Барои боз ҳам вусъат додани алоқамандии иқтисодии миёни манотиқи мухталифи кишварамон, сиёсати минтақавии давлат, ки асосан барои барҳам додани нобаробариҳои иҷтимои-иқтисодии онҳо нигаронида шудааст, аҳамияти калон дорад. Зеро, бештари манотиқи кӯҳиву наздикӯҳӣ бо сабаби гуногунияти омилҳову шароитҳои объективӣ, дар нобаробарии фаъолияти иқтисодӣ қарор дорад. Масалан, ин минтақаҳо аз шоҳроҳу марказҳои мамурӣ-фарҳангӣ ва комуникатсионӣ дар масофаи дур воқеъ мебошанд, дорои шароиҳои гуногуни иқлимӣ ҳастанд, ноқиси ба мутахасисони доранд,(зеро бештари мутахасисони маҳалӣ дар шаҳрҳо ва ё берун аз кишвар кор меҷӯянд), сатҳи пасти инфрастуруктураи истеҳсолию иҷтимоӣ ва ё умуман вуҷуд надорад ва ғ. Дар ин шароит мардуми дурдасти манотиқи кӯҳистон агарчи меҳнату фаъолияти иқтисодии фаъолро дошта бошад ҳам аммо натиҷаҳои иқтисодиашон хеле фаркунанда мебошад. Барои бартараф кардани чунин нобаробариҳо, Ҳукумати Ҷумҳурӣ истифода аз фишангҳои андозу буҷа (фискалӣ), маблағгузориҳои суроғадор, ҷалби сармояву грантҳои хориҷӣ, бунёди инфраструктураҳо, чораҳои қатъи андешида истодааст. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки зина ба зина амали гаштани нуқтаҳои дар Пайёми Сарвари давлатамон таъкидшуда, иқтидори иқтисодии ҷумҳуриамонро баланд карда, ваҳдати миллӣ ва иқтисоди миллии кишварамон қавию устувор мегирдад.
Сеюм, пойдор ва тавоно гаштани маркази ягонаи мустақили идора, танзим ва ҳамоҳангсозии иқтисодиёт, ки аз мақомоти қонунгузорӣ ва иҷрояи марказӣ иборатанд. Истеҳсоли неъматҳои ҷамиятӣ (истифодаи умум) яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад. Зеро, барои истеҳсоли чунин неъматҳо сектори хусусӣ ҳавасманд намебошад ва қудрат ҳам надоранд. Ба неъматҳои ҷамъиятӣ мудофиаи миллӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ваксинакунонии аҳолӣ, бунёди шохроҳу нақбаҳо, осорхонаҳову китобхонаҳо, корхонаҳои азими аҳамияти умумимиллидошта боғҳои истироҳативу фурӯзонкунии шаҳрҳо ва ғ. Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар ин маҷро бунёди як қатор неъматҳои истифодаи умумро ба иҷро расонидааст. Устувор гаштани нерӯи мудофиавии кишвар, ваксинакунонии аҳолӣ, сафарбар кардани захираҳову сармояҳо дар бобати раҳои ёфтан аз бумбасти коммуникатсионӣ, симои замонавӣ ва сарсабз гаштани шаҳру деҳотҳо, ташкили як қатор шабакаҳои телевизонӣ, радио ва пайваст шудан ба системаи кайҳонӣ ва ғ, мисоли васеъшавии доираи истеҳсоли неъматҳои умумиҷамиятӣ (истифодаи умумӣ) мебошад.
Чи тавре, ки ба мо маълум аст, мавҷудияти бозори озод, абстрактсияи маҳз буда, дар ҳама даврву замон танзими давлатии иқтисодиёти бозорӣ ҷой дошт. Зеро, бозор тамоми муаммоҳои ҷомеъаро ҳал карда наметавонад. Ҳадафи асоси давлат дар ин раванд бо нарм кардан ва ё боздоштани зарбаҳо ва оқибатҳои манфии бозор барои кулли шаҳрвандон ва ё табақаҳои камбизоати ҷомеа мебошад. Ба ибораи дигар давлат бояд барои бартараф кардани оқибатҳои ногувори ҷараёни табии фаъолияти иқтисодӣ, ки фиаско-бозор меноманд, машғул бошад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурӣ, дар ин маҷро ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштааст.
Давлати навбунёди тоҷик ,чун мисли дигар давлатҳои ба тамаддун расида, кушиш ба харҷ додаст, ки дар масири фаъолияти иқтисодӣ, бештар ба идоракунии иқтисодӣ (истифода аз фишангҳои андозу буҷа) такия намояд ва ба такмилу густариши фишангҳои иктисодӣ, ки ҳавсмандию ташабусскории мардуми кишварро дар рушди бойгарии милли мусоидат мекунад, ҷидду ҷаҳд намояд. Истиқлолияти давлатӣ, пеш аз ҳама, имконият дод, ки тамоми сарватҳои табиӣ, иқтисодӣ, зеҳнӣ ва арзишҳои миллии дар қаъри асрҳо ташакуллёфта, соҳиби аслии худро ёбад ва ба манфиати миллат самаранок истифода шавад.
Иншоотҳои бузурге, ки бунёд шудаанду идома ёфта истодааст чун меваи истиқлол, нишондиҳандаҳои иқтисодиест,ки оид ба ватандорӣ, тавоноӣ ва нерӯи созандагии ҳалқи эҷодофарину давлати навини тоҷикон шаҳодат медиҳад.
Иқтисодиёти миллӣ, низоми муҳосиботи миллӣ ва нишондиҳандаҳои иқтисодӣ – иљтимоии марбут ба он заҳматҳову меҳнати манфиатноки аъзоёни љомеъамонро дар бунёди бойгарии миллӣ таҷассум намуда, мазмуни воқеъии худро ёфтааст. Қонеъшавӣ аз натиҷаҳои фаъолият буд, ки ҳавасмандиву дилгарми кулли захматкашонро дар баланд бардоштани натиҷаҳои фаъолияти иқтисодии кишвар таъмин намудааст.
Дар ҳақиқат тахрезию заминаҳое, ки дар давраи истиқлолият бунёд гаштааст, ҳадафҳои дарозмуддат дошта, фараҳи наслҳои ояндаи кишварро муайян мекунад. Оид ба ислоҳоте, ки оғоз ёфта идома дорад, чун мисли ислоҳоти Део-Селпинӣ, ки мардуми Чин имрӯзҳо ба он арзу сипос мегузорад, дар оянда низ бо ибораи Хоугленд Ричард Ю «ҳарф хоҳанд зад» ва шояд чун «иқтисодиёти раҳмонӣ» баҳо ҳам диҳанд.
Бояд таъкид кард, ки Маҷмӯи маҳсулоти миллӣ, ки дар расонҳои расмии оморӣ нашр мешаванд, ба пурраги фаъолонокии иқтисодиёти миллӣ ва некӯаҳволии мардумро инъикос карда наметавонанд. Зеро, на ҳама фаъолияти созанда дар Маҷмӯи маҳсулоти миллӣ таҷассум меёбад. Бинобарон, иқтисодичиёни амрикои В. Нордхаус ва Ҷ. Тобин дар адабиётҳои иқтисодӣ маҳфуми нишондиҳандаи «Некӯаҳволии иқтисодии соф»-ро ворид карданд. Дар ин нишондиҳанда он ҷабҳаҳои пешрафти ҳаёти ичтимои – иқтисодӣро, ки нишондиҳандаҳои иқтисодии омории ба ҳамагон маъмул, дар бар гирифтан наметавонанд, ифода мешавад. Масалан, як қатор неъматҳое мавҷуд аст, ки дар ҷамъият бо меҳнати созандагии мардум тавлид мешаваду, аммо онҳоро чен кардан мушкил аст. Чунки баҳодиҳи бозорӣ надорад, яъне дар бозор фурухта нашуда тавлиди рафтору фаъолияти хислатҳои неки инсонӣ буда, бештар тобъеи қонунҳои хирад мебошад. Масалан, пеш аз ҳама, ин фаъолият дар оила – тарбияи кӯдакон , таъмирии хонаву бино бо қувваи худ, бо роҳи ҳашару шанбегиҳо тоза кардани атрофи манзили зисту маҳалл, бунёд кардани биноҳои мадани- равшаннамоӣ, масҷидҳо, фаъолияти эҳсонкориҳо ва ғ. Масалан, 50 нафар ҷавонмардон дар ҳашари бунёди ягон бинои мадани-равшан- намои ва ё ниҳолшинонӣ ройгон иштирок карданд. Фарз кунем, ки 8 соати кори онҳо 10 – 15 сомони арзиш дорад. Пас, онҳо дар як рӯзи корӣ ба натиҷаҳои иқтисодиёти милли дар ҳаҷми 500 – 750 сомонӣ арзиши нави меҳнатӣ илова кардаанд. Чунин, фаъолиятҳои ватандӯстию ободкорӣ хеле бисёр аст, ки на ҳама вақт бо рақамҳои оморӣ инъикос меёбад. Зимнан бояд қайд кард, ки мардуми эҷодофарини ватанамон даъвати Президенти кишварамон мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ба иморати бузурги истиқлолият хиште гузоштан саҳми бузург аст.»- ро шиори фаъолияти ҳамарӯзаи худ қабул кардаанд. Маҳз бо туфайли пойдор гаштани сулҳу ризояти миллӣ, оромии кишвар шароитҳои нерӯбахш фароҳам омад, ки мардуми эҷодфарину бофарҳанги тоҷик ба тарбияи насли оянда худ, сарабзу зебо кардани манзили маҳали зист, бо қувваи худ бунёд кардани бинову иншоотҳои истифодаи умум ва ғайраҳо ахамияти ҷидди дода, дар кори бузургии созандагию меҳансозӣ сахми назаррас гузоштанд. Дар ҳақиқат, дар симои шаҳру деҳотҳои кишварамон, манзили зисту таъби мардум таҳаввулот ва ё таъғиротҳои нумӯбахш ҳувайдост, ки онҳоро нишондиҳандаҳои иқтисодӣ-ичтимоӣ ва оморӣ (ки дар расонаҳо интишор мешаванд) ба пуррагӣ инъикос карда наметавонанд.Боло гирифтани ҷаҳони андешаву хиради инсонӣ нисбат ба олами маҳдуди моддӣ, худ омили ҷомеасоз ва пешбарандаи ҳаёти иҷтимоӣ- иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангист. Охир худогоҳӣ, хуввияти миллӣ, ватандориву ватансозӣ аз ҷаҳони хирад бармеояд. Албатта, ин падидахо ва талошхои софдилона аз дарки вокеи истиклолият шаходат медихад. Агар ҳамаи ин корҳоро дар низоми нархи бозорӣ ворид кунему чен намоем Маҷмӯи маҳсулоти миллӣ аз нишондиҳандаи расмӣ хеле зиёд мешавад.
Аз ин хадафхои бузурге, ки барои иљрои он камар бастем, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26-уми январи соли 2021 ироа гардидааст омадааст: «Хурду бузурги мардуми кишвар бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки дар шароити пуртазоду пурҳаводиси имрӯза ҳимояи неъмати барои ҳар як инсони баномус бузургтарину муқаддас – истиқлолу озодӣ кори саҳлу осон нест. Ҳифзи ин гавҳари бебаҳо аз ҳар яки мо саъю талош ва кӯшишу ғайрати шабонарӯзӣ, нангу номуси миллӣ, заҳмати содиқонаву фидокорона ва муҳимтар аз ҳама, иттиҳоду сарҷамъӣ мехоҳад. Дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир мо бояд ҳамеша дар паҳлуи якдигар бошем ва ҳамдигарро дастгирӣ кунем, зеро ин хислати нек ба мову шумо аз гузаштагони некномамон ба мерос мондааст». Таманно мекунем, ки тамоми мардуми бовикору чомеъасози кишвар бо чунин роҳнамоӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат фаъолият бурда, ба корхои бузурги созандагӣ даст зананд, то ин ки наслхои ояндаи мо, аз моён, чун мисли моён, ки аз гузаштагони худ ифтихор мекунем, ифтихор кунанд.
Бурҳонов И. Б.- н.и.и., дотсенти кафедраи менељменти ДДҲБСТ