Паём-бахти баланди миллат

Дар ҳикояте дар бораи сиёсати одилонаи шоҳи таърихӣ Анушервони одил оварда мешавад, ки дӯсти бачагиаш ба бемории дил гирифтор мешавад ва Анушервон бо як ҳасрату афсӯс иброз медорад: “Ман як қалб дорам, мехоҳам барои дӯстам онро фидо созам, аммо ин дил барои халқу миллатам метапад”. Аз зиндагиномаи ҳамин гуна шахсиятҳои бузург, ки дар таърих барои инсоният хидмат намудаанд, мисолҳо фаровонанд. Аммо дар ҳар давру замон на ҳар миллату қавм дорои ин гуна шахсиятҳои халқпарвару миллатдӯст ва одилу сулҳхоҳ буданд.

Мардуми тоҷик бо маънии томаш чун халқи тоҷдор дорои бахти баланду мунир дар масири таърих баъди пошхӯрии давлати абарқудрати Сомониён соҳибтоҷу соҳибдавлат набуд, аммо илму маданият ва забону фарҳангаш, мардони бонангу номус ва ватандӯсташ ин миллати ҷафодидаро аз вартаи ҳалокат раҳо сохтанд. Маҳз мардони номвару меҳанпараст ба мисли Спитамену Темурмалик, Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров ва дигарон, ки дар ин ҷода хидмати Пешвои муаззами миллат низ беназир аст,  ватанро аз вартаи нобудӣ наҷот додаанд. Дар ин раванд Пешвои муаззами миллат аз қабили ин абармардоне мебошанд, ки тайёранд қалби худро барои миллати хеш фидо созанд.

Дастовардҳои 30-соли Истиқлоли давлатӣ дар ҳамаи самтҳо исботи он аст, ки Сарвари оқилу дурандеш тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ бо чеҳраи тоза муаррифӣ намуданд. Аз Паём то Паёми Пешвои миллат тарҳрезиҳое, ки дар сохтмони ҷомеаи навин аз тарафи он кас кашида мешаванд, иҷро гардида, дар самти истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, табдили кишвар ба минтақаи транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба озуқаи хушсифат аз ҳадафҳои пайгиронаи он кас буда, дар ин росто амалӣ шуда истодани ин ҳадафу стратегияҳо моро ҳушдор месозад, ки боз ҳам боғайратона меҳнату фаъолият намуда, барои ободии кишвари азизамон саҳмгузор бошем.

Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар сухан намуда, бузургтарин дастоварди миллати тоҷикро дар сулҳхоҳиву ҳамбастагӣ, ҷонибдори давлати ягонаи демократӣ будан, иброз доштанд. Қабули Конститутсия, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ чун баёнгари давлати демократӣ будани Тоҷикистон дар суханронии Президенти кишвар мунъакис гардид. Президенти кишвар ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегиро аз меҳнати босуботонаи мардуми заҳматписанди тоҷик ва сиёсати оқилонаи Ҳукумати кишвар иброз дошта, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ саноатикунонии босуръатро эълон  намуданд.

Дар ҳамаи Паёмҳои хеш Пешвои миллат  ба ҷавонон ва нақши онҳо дар ташаккули давлати демократӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва аз худ намудани ду забон – русӣ ва англисиро тақозо менамоянд. Тоҷикистон чун давлати ташаккулёфтаистода ба мутахассисони соҳибкасби ҷавон ва забондон ниёз дорад, зеро дар сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат ҳамин нуктаҳо борҳо зикр ёфта, омӯзиши ҳадафмандона ва аз нав намудани барномаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ меҳвари асосии суханронии Президенти кишварро дар ин самт бозгӯ менамояд. Албатта, мо – соҳибзабононро муваззаф месозанд, ки пеш аз ҳама фарҳангу маданият, таъриху адабиёт ва забони давлатии худро ба таври шоиста аз бар намоем, то дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ  ба меъёрҳои ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ бирасонем.

Ҳамзамон, нақши занону бонувон яке аз самтҳои муҳими сиёсати хирадмандонаи Президенти кишварро ташкил медиҳад ва дар ҳамаи Паёмҳо Пешвои миллат хидмати шоистаи занону бонувони тоҷикро бо ифтихору самимият баён медоранд. Таъкид менамоянд, ки дар саводнокӣ ва баландбардории маърифати онҳо, соҳибкасб гардидани занону бонувон ҳамаи қишрҳои давлатдорӣ бояд таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд. Ҳамаи занону бонувони хонашин бояд бо касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шаванд, зеро чуноне ки Пешвои миллат иброз медоранд, танҳо зан-модар тарбиятгари асосии фарзанд, дар маҷмуъ ҷомеа, халқу миллат шуда метавонад.

Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат самти калидии тараққиёти ҷомеаи навини Тоҷикистони соҳибистиқлолро ташкил менамояд. Дар Паёми навбатии худ Президенти кишвар ба маориф боз ҳам таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, тақозо доштанд, ки дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисос, ки ҷавобгӯ ба талаботи давру замонанд ва таҷдиди назар сохтани барномаҳои таълимӣ дар пешрафти соҳаи маориф хеле муҳиманд. Дар ин росто, баланд бардоштани музди маоши кормандони соҳаи маориф, нафақахӯрон, идрорпулии донишҷӯён заминаи пешрафти соҳаи мазкур арзёбӣ гардид.

Паёми навбатии  Пешвои миллат моро ҳушдор месозад, ки дар раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо, сиёсатбозиҳои абарқудратон ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ меҳнату фаъолияти босамарро роҳандозӣ намоем. Бо пуштибонӣ ва дастгирӣ аз сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат ҳар фарди соҳибхиради кишварро зарур аст, ки Паёми навбатии Президенти мамлакатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, баҳри тадбиқи ҳадафмандонаи он кӯшиш ба харҷ диҳад, то дар солҳои минбаъда Тоҷикистони мо ба як давлати пешрафтаву обод табдил ёбад.

 

Раҳматова Д.А.-дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ

 

You might also like