Ҷабҳаҳои иқтисодии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
Паёми Пешвои миллат, Асосгузори ваҳдати миллӣ Президенти Xумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (21.12.2021) ояндаи тараққиёти кишварро дар ҳамаи соҳаи ҷамъият, иқтисодию, иҷтимоӣ, маданӣ муайян мекунад. Аз масъалагузорӣ дар паём ва иҷроиши он, сатҳи зиндагии аҳолӣ, некeаҳволии он вобастагии зич дорад.
Аз тарафи Пешвои миллат қайд шуд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати барқарор сохтани низоми фалаҷшудаи идораи давлатӣ, оғоз намудани раванди барқарорсозии баъдиҷангӣ, амалӣ гардонидани дигаргунсозиҳои сохторӣ ва минбаъд таъмин намудани гуногуншаклии моликият, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ, ташаккул додани низоми миллии буҷету андоз ва пуливу қарзӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва инкишофи бахши иҷтимоӣ бисёр тадбирҳои самарабахш амалӣ карда шуданд. Дар айни ҳол Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст
Дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои ба нақша гирифта шуда устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардид. Масалан, яке аз нишондиҳандаҳои асосие, ки рушди иқтисодии кишварро муайян мекунад, ин маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мебошад.
Дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт. Ин рақамҳо шаҳодати он, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушдт устувори иқтисоди амалӣ шуда истодааст.
Қайд кардан лозим аст, ки яке аз шартхои асосии рушди устувори иқтисодӣ ин муназам тараққӣ ёфтани хамаи соҳаҳои иқтисодиёт мебошад. Маълумотҳо нишон медиҳанд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш пайдо кард
Дар замони истиқлолият маданияти истифодабарии замин куллан беҳтар гардида, аз як қитъаи замини обӣ гирифтани 2–3 ҳосил ба ҳукми анъана даромад, ки барои бамаротиб зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат карда истодааст. Дар натиҷа афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, аз 11 миллиарди соли 1992 ба 40 миллиард сомонӣ дар соли 2021 расонида шуд, яъне қариб 4 баробар афзоиш ёфт. Дар айни ҳол зиёда аз 90 фоизи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба бахши хусусӣ рост меояд
Яке аз шартҳои рушди устувори иқтисодӣ ин чалби сармоя ба иктисодиёти кишвар мебошад. Дар бист соли охир ба кишвар беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 59 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шуд. Танҳо барои рушди соҳаи саноати кишвар беш аз 35 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардид.
Ҳукумати мамлакат дар ин давра дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигар соҳаҳо лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро ба маблағи 91 миллиард сомонӣ татбиқ намуд. Ин шаҳодати он, ки дар иқтисодиёти кишвар шароити мусоид барои ҷалби сармоя муҳайё карда шудааст.
Яке аз вазифаҳои асосии {укумати Xумҳурӣ ин пурра иxро кардани eҳдадории иxтимоии худ дар назди аҳоли ва таъмин кардани маблагузории соҳахаи гуногуни иқтисодиёт мебошад. Дар бист соли охир 3 ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, 2 барномаи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди кишвар қабул ва амалӣ гардида, ҳоло татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва 176 барномаи давлатӣ идома дорад.
Барои татбиқи стратегияву барномаҳои мазкур дар бист соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 174 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Соли ҷорӣ қисми даромади буҷети давлатӣ иҷро шуда, даромади пулии аҳолӣ нисбат ба нишондиҳандаи соли 2020-ум 15 фоиз афзоиш ёфт ва ба зиёда аз 75 миллиард сомонӣ баробар гардид.
Аз баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ, инчунин, нишондиҳандаҳои зерин гувоҳӣ медиҳанд:
- Сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд, ки аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.
- агар шумораи муштариёни алоқаи телефонӣ соли 1991 ҳамагӣ 277 ҳазор нафарро ташкил карда бошад, пас дар соли 2021 шумораи танҳо муштариёни алоқаи телефонии мобилӣ ба беш аз 8 миллион нафар расидааст;
– ҳоло истифодабарандагони шабакаи интернет дар кишвар зиёда аз 4,2 миллион нафарро ташкил медиҳанд;
– соли 1991 дар ҳудуди Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини сабукрави шахсӣ ба қайд гирифта шуда буд;
– танҳо дар бист соли охир 730 ҳазор мошини сабукрав ворид гардида, дар солҳои истиқлолият аз ҷониби аҳолӣ зиёда аз 320 ҳазор воситаҳои нақлиёт ва дигар техникаи таъиноти гуногун хусусӣ гардонида шудааст, яъне аҳолии мамлакат дар замони истиқлолият соҳиби беш аз ду миллион воситаи нақлиёти шахсӣ гардидааст;
– дар солҳои истиқлолият ба кишвар беш аз 875 ҳазор воситаи нақлиёт ва дигар техника барои истифодаи бахши хусусӣ ворид гардидааст;
– танҳо дар 10 соли охир барои истифодаи алоқаи мобилӣ аз ҷониби аҳолии мамлакат 30 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст;
– агар соли 2000-ум ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ дар низоми бонкӣ ҳамагӣ 93 миллион сомониро ташкил карда бошад, пас соли 2021 ба 10 миллиард сомонӣ расидааст, яъне 109 баробар афзоиш ёфтааст.
– дар замони истиқлолият як миллиону 400 ҳазор оила соҳиби замини наздиҳавлигӣ барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ гардидааст. Ин нишондиҳандахо аз сиёсати мукаммали иқтисодию иҷтимоии мамлакат шаҳодат медиҳад.
Барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ аз тарафи Пешвои миллат пешниҳод шуд: а) аз 1-уми январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад; б) аз 1-уми июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда шавад; в) аз 1-уми июли соли 2022 андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд карда шавад; г) ҳадди ақалли музди меҳнат аз 1-уми июли соли 2022-юм 50 фоиз зиёд карда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда шавад.
Ин пешниҳодҳо бевосита барои дастгирии аҳолии осебпазир равона карда шудааст.
Ба хулоса омадан мумкин аст, ки Паёми Пешвои миллат, Асосгузори ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамаи самтҳои рушди устувори иқтисодиёт, яъне: роҳҳои афзоиш ёфтани даромади буҷети давлатӣ; пурра иҷро кардани уҳдадории иҷтимоии давлат дар назди аҳолӣ; таъмини истиқлолияти энергетикӣ; пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ; таъмин кардани босуръати саноатикунонии кишвар; ҷалб кардани сармояи хориҷӣ; рушди соҳибкорӣ ҳаматарафа дида баромада шуда вазифахои мушахасс оиди рушди ин соҳахо гузошта шудааст.
Вазифаҳои дар Паёми Пешвои миллат, Асосгузори ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ гузошта шуда ва амалӣ кардани ин вазифаҳо асос мебошад, барои таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар, яъне баланд кардани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар.
Раҳимов А.М. – мудири кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ