Ташаккули тафаккури интиқодии донишҷӯёни ихтисосҳои педагогӣ дар раванди таълими ДДХБСТ
Дар доираи лоиҳаи “Ташаккули тафаккури интиқодии донишҷӯёни ихтисосҳои педагогӣ дар раванди таълими ДДХБСТ” дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шуруъ аз санаи 20 декабри соли равон тренинг барои 30 нафар омӯзгорон гузаронида шуда истодааст.
Дар оғози тренинг муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Даврон Бобоҷонов ҳамчун ҳамоҳангсози лоиҳа иштирокчиёни тренингро бо мақсад ва вазифаҳои дар доираи лоиҳаи мазкур муайяншуда шинос намуд. Мушовири ректори ДДҲБСТ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Ҷӯраев Абдураҳим Хоҷиевич ва Аъзои ассотсиатсияи тафаккури интиқодии Тоҷикистон Мунаввар Содиқов ҳамчун мураббӣ (тренер) таклиф карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди мадад дар Тоҷикистон амалӣ гардида, барои гирифтани грантҳо ва дастгирии ташаббусҳое, ки ба рушди тафаккури интиқодӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ амалӣ мегарданд, равона шудааст.
Сарпарасти лоиҳа, номзади илмҳои иқтисодӣ Дадохон Аминов тибқи нақшаи чорабиниҳои таҳияшуда дар иҷрои самараноки вазифаҳои гузошташуда ва татбиқи лоиҳа ӯҳдадор мебошад.
Татбиқи лоиҳа дар се марҳила: ташкили курси махсус барои ҳайати профессорону устодони донишгоҳ, таҳияи барномаи курси махсуси “Тафаккури интиқодӣ” барои бакалаврҳои ихтисосҳои педагогӣ, ташкил ва ҷорӣ намудани курси махсуси “Тафаккури интиқодӣ” дар донишгоҳ амалӣ карда мешавад.
Дархости лоиҳавии “Ташаккули тафаккури интиқодии донишҷӯёни ихтисосҳои педагогӣ дар раванди таълими ДДХБСТ ” ба рушди қобилияти мантиқии донишҷӯён, асосноккунии ва возеҳ сохтани нутқи шифоҳӣ ва хаттии онҳо, малакаи муҳокимаи муаммоҳои касбӣ, ҳифзи ақидаи худ, шарҳ додани моҳияти ходисаҳо, ҷараёнҳо, хулоса баровардан, ҷавобҳои асоснок манзур намудан мусоидат менамояд.
Трениги мазкур то санаи 28 декабри соли 2021 идома хоҳад кард.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа