Пешвои миллат – поягузори эҳёи навини давлатдории муосири тоҷик
Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи он шахсиятҳое маҳсуб меёбанд, ки ҳамчун сарвари сиёсӣ на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, хастии имрўзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳанги ниёгон хизматҳои беназир кардаанд.
Ин аст, ки шахсони барўманди ҷаҳонӣ оид ба мақоми байналмилалии Пешвои миллат бисёр суханҳои арзишманд гуфтаанд. Чӣ тавре, ки Жак Ширак, собиқ Президенти Фаронса иброз медорад, мардуми Фаронса ҳеҷ гоҳ мавқеи устувори Президенти Тоҷикистонро, ки ба фарҳанги ғанӣ ва бузурги сиёсиву маънавии халқи тоҷик такя мекунад, фаромўш нахоҳад кард.
Ҳақ бар ҷониби Марзуқ Алӣ ал – Ғоним, Раиси парламенти Кувайт, ки дар яке аз мусоҳибаи худ менависад: «Дар давлати Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар Ховари Миёна хеле машҳур аст, мешиносанд, ҳамчунин на ба ҳама президентон муяссар мегардад, ки чунин неъмат – умед ба зиндагии осоиштаро дар дили мардумаш ҳифз карда, халқро аз парокандашавӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот диҳад».
Сиёсатмадори рус Е.М. Примаков хеле одилона менависад, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон солҳои зиёдест, ки роҳбарии ҷумҳуриашро ба зимма дорад ва дар мўътадилсозии авзои дохилии мамлакаташ мусоидат намуд. Ў ҷомеаро устувор гардонид. Албатта хоҳони онем, ки боз ҳам мустаҳкамтару боэътимодтар гардад. Дар ҳар сурат, ҳамаи корҳо ба хотири он аст, ки субот нигоҳ дошта шавад.
Ҷонибдории хешро нисбати ин гуфтаҳо иброз медорем ва илова менамоем, ки тамоми мувафақияти мосири Тоҷикистони соҳибистиқлол – самараи сиёсати дурбинонаи Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон буда, ин сиёсат бе муболиға таҳкимбахши амнияти на танҳо Тоҷикистон, балки ҷаҳони муосир аст. Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди бонангу номуси миллатро зарур аст, ки ин сиёсати одилонаро чун гавҳараки чашм эмин нигаҳ дорад.
Имрўзҳо Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз роҳҳои бешубҳа мустаҳками пешбурди давлату давлатдориро пеша намудааст, ки тавассути он Тоҷикистонро тамоми ҷаҳон мешиносад ва ташаббусҳо ҷаҳоние, ки аз ҷониби Роҳбарияти Олии кишвар эълон шуда истодаанд, мавқеи байналмиллалӣ давлати моро мустаҳкам намуда, барои пешбурди сиёсати давлатдорӣ тамоми имкониятҳо фароҳам оварда истодаанд.
Ин гуфтаҳо исботи он аст, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар навбати аввал агар ба хотири минбаъд самаранок ба роҳ мондани истифодаи оқилонаи об дар ҷаҳони имрўза равона шуда бошанд, дар навбати дигар, ба андешаи мо, вазъи ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мустаҳкам нигоҳ доштани сиёсати экологии байналмиллалӣ пешбарӣ менамояд.
Мавқеъи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ на танҳо ба мақсади таъмини амнияти экологӣ равона шудааст, балқи таъмини бехатарӣ, пешгирии экстремизм ва терроризм яке аз ҳадафҳои асосӣ ва самтҳои асосии сиёсати байналмилалии он маҳсуб меёбад.
Ҳодисаҳои охирине, ки дар давлати ҳамсояи Тоҷикистон – Афғонистон сар задааст, талаб намуда истодааст, ки дар масъалаи қазияи ин давлат ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд бетарафӣ зоҳир намояд. Аммо афсўс, ки дар асл ин тавр нест. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ мавқеи Тоҷикистонро оид ба ҳодисаҳои Афғонистон ва тассаруфи ин кишвар аз ҷониби гурӯҳи мамнўи “Толибон” дар чунин зайл равшан намуданд:
“Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчи тезтар як Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад”. Ҳамзамон илова мешавад, ки: “Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афгонистон, махсусан тоҷикон, узбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд. Афғонистони ҷабрдида ва ин миллати ба мо дӯсту бародар набояд дигарбора ба гирдоби ҷангҳои хунини таҳмилӣ кашида шавад”.
Мо ҷонибдории хешро нисбати ин гуфтаҳо эълон медорем ва илова менамоем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус давлатҳои абарқудрат ва созмонҳои бонуфўзи айналмилалӣ набояд нисбати масъалаи мазкур бетарафӣ зоҳир намоянд. Ин аст, ки дар ҳама давру замон мавқеи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ устувор буда, он ҳамеша эҳёи сулҳу суботи пойдорро дар ҷаҳон ҷонибдорӣ мекунад ва дар ин мавқеъ устувор боқӣ мемонад.
Пешвои муаззами миллат, поягузори эҳёи навини роҳи таърихии байналмилалии Абрешим буда, ин дастоварди бузург барои ҷаҳониён чун намунаи ибрат барои татбиқи сиёсати сулҳпарварона ба шумор меравад, ки арзиши бемислу монандро соҳиб аст.
Муваффақияти дигари беназири Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дар миёни 142 давлати дунё аз ҷиҳати бехатарӣ ва амният ҷои 2 – юмро ишғол намудан, аст, ки тибқи пурсише, ки аз ҷониби донишгоҳи америкоии Гэллапа (донишгоҳи андешаҳои ҷамъиятӣ воқеъ дар ШМА) миёни 152 000 нафар дар миёни 142 давлат гузаронида шудааст, ҷои аввал ба давлати Сингапур, сеюм ба Аморати Арабистони Сауди дода шудааст. Давлатҳои Афғонистон ва Венесуелла бошанд, ба қатори давлатҳои аз ҳама хатарнок ворид гардиданд.
Яке аз муваффақиятҳои дигари Тоҷикистон, ки тавонист ўро оламшумумл гардонад, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг – Юнеско ба қайд гирифтан ва таҷлил намудани 1100-солагии давлати Сомониён, Соли тамаддуни ориёӣ, Бузургдошти 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшани бостонӣ, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 700-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 3000-солагии шаҳри Ҳисор, 5000 солагии Саразми Бостонӣ, бузургдошти Пешвои мазҳаби ҳанафӣ – Имом Аъзам ва дигарон ба шумор меравад.
Ҷабҳаи дигари ташаккули давлатдории мо, ҷашни миллии Наврӯз ба шумор меравад, ки маҳз бо ташаббуси Пешвои миллати мо мақоми ҷаҳониро соҳиб шуд ва ба ҷаҳониён исбот гардид, ки ин сарзамини аҷдодӣ, сарзамини муқаддас аст. Анъана ва суннатҳои неки Наврӯз-ҳамчун беҳтарин намунаи тамаддуни мардуми ориёинажод, аз ҷониби халқҳои гуногуни Шарқ пазируфта шуда, маънавиёту фарҳанги миллии онҳоро низ афзун сохтааст.
Дар дунё чандин халқиятҳое арзи вуҷуд доранд, ки шумораашон ба миллионҳо расида, дар орзуи миллату давлатдорӣ мебошанд ва бо мақсади расидан ба ин ҳадаф азму талош менамоянд, дар ин роҳ ҷони ҳазорон нафар ҳатто фидо гаштааст, аммо онҳо ҳанӯз ҳам соҳиби ватану давлат нагаштаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким бахшидани мақом ва мазаллати забони тоҷикӣ мақоми беназир доранд ва аз қадамҳои нахустини ба дўш гирифтани масъулияти роҳбарии миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон, ҳамчун фарзанди фарзонаи ин миллат, ҳифзу густариши забони миллиро дар мадди аввал гузоштанд.
Аз ҷумла баҳри рушду густариши забони миллӣ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибтикори хеле саривақтӣ аст ва барои амали сохтани муқаррароти қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди Ҳукумати мамлакат таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳот, ки имрўз он дар назорати иҷрои муқаррароти қанун, ҳамгунсозии истилоҳоти соҳаҳои гуногун, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва дар маҷмўъ татбиқи сиёсати давлатии забон, масъулияти бисёр муҳим дорад.
Инак, дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 30 соли истиқлолият – ин барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид.
Ҷонибдори он андешаем, ки муваффақиятҳои 30 – солаи Тоҷикистони муосир маҳсули таҳлилу натиҷагириҳо аз сабақҳои таърихӣ ва таҷрибаи ғании ҷаҳонӣ буда, бо дарназардошти амалӣ шудани онҳо Тоҷикистон тавонист дар арсаи ҷаҳонӣ маълуму машҳур гардад.
Дар интиҳо иброз медорем, ки заминаи асосӣ ва устувори эҳёи муваффақиятҳои 30 – солаи Истиқлоли Тоҷикистони муосир самараи сиёсати одилона ва маҳсули заҳмату талошҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Имрўзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз роҳҳои бешубҳа устувори пешбурди давлату давлатдориро пеша намудааст, ки дурнамои он барпо сохтани давлатдории муосири ба талаботи ҷаҳон ҷавобгў маҳсуб меёбад.
Санавваров Ғ.Б. – мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатии ДДҲБСТ