Иштироки ҷавонон дар ҳаёти иҷтимоӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ
Тоҷикистон, ки оқибатҳои мудҳиши ҷанги гражданӣ хатари терроризм ва экстремизмро аз сар гузаронидааст, ҷомеаи ҷаҳониро аз хавфу хатари ин падидаҳои харобиовар ва мудҳиш хабардор карда яке аз иштирокчиёни фаъоли каолитсияи байналмилалии зиддитеррористӣ ва ташаббускори рушди фаъолияти каолитсияи байналмилалии муқовимат зидди маводи мухаддир мебошад. Ташаббусҳои Тоҷикистон доир ба ташкили сохтори минтақавии зиддитеррористӣ, ба эътидол овардани вазъият дар минтақаи Осиёи Миёна дар амалияи ҷаҳонӣ собиқаи нав аст, ки маротибаи дигар кўшишҳои Тоҷикистонро дар пойдор кардани сулҳ ва ҳамзиштии осоишта, пешгирии хатарҳои нав собит карда истодааст.
Аз ин рў, дар давоми 30 соли истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо асосҳои ташаккули давлатдории миллии худро ташаккулу мустаҳкам намуд, балки дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ тавассути чандин пешниҳод ва ташаббусҳои созандаю сулҳхоҳонаи Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обрўву нуфуз ва эътибори калонро соҳиб гардид. Раванди минбаъдаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба татбиқи ислоҳоти идоракунии бахши давлатӣ, асосҳои ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда шуданд.
Лекин дар ҳаёти ҷомеаи муосир омилҳое боқӣ мондаанд, ки боиси содир шудани ҷиноятҳои хавфнок гашта, шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ то ҳол ҷой дорад. Ѓайр аз ин, қувваҳои моҷароҷў дастовардҳои Истиқлолиятро нодида мегиранд, бо ёрии расонаҳои хабарӣ аз хориҷи кишвар то ҳол кушишҳои паст кардан ва коҳиш додани дастовардҳои миллӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми кишварро доранд.
Ба андешаи мо, яке аз роҳҳои ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ бояд ба фаъолияти созмонҳои ҷавонон ҳамчун шакли самараноки ҷалби нерўи пешбарандаи ҷомеа ба корҳои пешгирии ҷинояткорӣ, созандагию бунёкорӣ, хайрия ва эҳсонкорӣ таваҷҷўҳи хоса дода шавад. Чунки онҳо ба инъикосёбии холисонаи воқеият, амали риоя ва татбиқи қонунҳо, ва ҳимояи манфиатҳо, қонеъгардонии эҳтиёҷоти мухталифи шаҳрвандон ва ҷомеа – дастгирии ашхоси ба ёрии амалӣ мўҳтоҷ, инчунин ба дастгирии ҷавонони лаёқатманд, инкишофи илму фарҳанг, одату анъанаҳои беҳтарин, таълиму тарбия ва маориф, тандурустӣ ёрии амалӣ мерасонанд. Онҳо ҷузъи ҷудонашаванда ва зарури ҷомеаи шаҳрвандӣ, кафолати устувори таъмину рушди ҳаёти иҷтимоӣ ва рушду пешравии ҷомеа гашта, ѓояҳои инсондўстӣ, иттиҳодӣ, меҳру шавқат ва эҳсонкориву муттаҳидиро тасдиқ ва дар амал ҷорӣ карда метавонанд. Корҳои созмони ҷавонон дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва соҳибкорӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар самти пешгирии коррупсия низ бояд густариш ёбад. Чунки онҳо аз ҷониби худ талаботи мустақили иҷтимоӣ ё иқтисодӣ пешбарӣ намекунанд ва ҳадафи тиҷорат ва ё фоидагирӣ надоранд, ташкилу фаъолияти онҳо ҳам ба ташаббускории онҳо ва ҳам ба манфиати ҷомеа мувофиқат мекунад. Аз ин рў, Тоҷикистон баробари дигар падидаҳои сиёсию ҳуқуқӣ ба рушду ривоҷи низоми сохтори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва самаранокии фаъолияти онҳо дар амалӣ шудани сиёсати давлатӣ ва рушди соҳаи иҷтимоӣ эътибори калон додан зарур аст. Зеро боиси таасуф аст, ки дар воҳиду сохторҳои гуногун нафарони тасодуфӣ ишѓоли вазифа ва фаъолият мекунанд, ки ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро бо суи истифода аз вазифа пайваста поймол мекунанд, ба баланд шудани сатҳи маърифатнокӣ ва пешрафти ҳаёти ҷомеа халал мерасонанд ва дар интиҳо норозигии мардум ва муҳити нобоварию низоъро барпо мекунанд.
Устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ аз ҳар яки мо дар самти кору фаъолияти худ поквиҷдонӣ ва масъулияти бузургро тақозо намуда, ҳар фарди бонангу номусро вазифадор месозад, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти истиқлолияти давлатӣ, афзун намудани дастовардҳои миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ, бидуни зоҳирпарастӣ ва худнамоишдиҳӣ кўшишу талоши пайваста дошта бошем.
Раҳматулоев А.Э. – профессори кафедраи
ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории
ДДҲБСТ