Пирӯзиҳои паёпай дар риштаи варзиш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар баробари таҳсил ва аз худ намудани дарсҳо пайваста ба варзиш машғул гардида, ба дастовардҳои зиёд ноил мегарданд.

Донишҷӯи донишгоҳ Нигина Ботурова дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди варзиши сабук ширкат варзида, дар чор намуд: ҷаҳидан ба баландӣ 1 метру 40 см, давидан ба масофаи 200 метр, эстафета 4х100 ва 4х400 ба гирифтани мақоми аввал комёб шуда, дар чор намуд соҳиби пирӯзӣ ва медалу диплом гардид.

Донишҷӯи дигари донишгоҳ Шоҳнур Абдуллоев дар Чемпионати Тоҷикистон аз рӯи намуди ҷанги дастӣ байни наврасон ва калоннсолон ширкат варзида, соҳиби ҷойи аввал ва диплому медал шуд.

Инчунин, санаҳои 7-8-уми декабри соли равон донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ – Рамазон Муминзода, Азизхӯҷа Орипов, Шамшод Орипов ва Билолиддин Зиёев дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди гӯштини камарбандӣ иштирок намуданд. Дар мусобиқаи мазкур беш аз 200 нафар варзишгарон аз шаҳру навоҳии мамлакат ширкат карда, байни ҳам рақобат намуданд. Дар ин мусобиқа варзигарони донишгоҳ ду медали тилло ва ду нуқра ба даст оварданд. Ба ғолибон медалу дипломҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Ғолибони мусобиқаҳои болозикр роҳхати мусобиқаҳои байналмилалиро соҳиб шуданд.

Барои пирӯзӣ ва парафшонии Парчами миллӣ ба варзишгарон барору муваффақият орзу менамоем.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like