Донишҷӯи ДДҲБСТ соҳиби роҳхати чемпионати ҷаҳон гардид

Донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Руховар Майнусов дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди бокс ширкат варзида, ба гирифтани ҷойи аввал шарафёб гардид. Мусобиқаи мазкур аз санаи 06 то 10 декабри соли 2021 дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе доир гардида, бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни муассисаҳои касбии олии мамлакат роҳандозӣ шудааст. Дар мусобиқа аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 100 нафар варзишгарон дар вазнҳои гуногун байни ҳам рақобат намуданд.

Донишҷӯи ДДҲБСТ Руховар Майнусов дар вазни то 52 кг ба се ҳарифаш ғолиб омада, дар ин вазн соҳиби мақоми аввал гардид. Ба ғолибон медалу диплом тақдим карда шуд.

Руховар Майнусов бо пирӯз гардидан дар мусобиқаҳо роҳхати Чемпионати ҷаҳон аз рӯи намуди бокс, ки моҳи марти соли 2022 дар шаҳри Красноярски Федератсияи Русия баргузор мегардад, ба даст овард.

Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ барои пирӯзиҳои минбаъда ба Руховар Майнусов барору комёбӣ орзу менамояд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like