Қонун бояд риоя гардад!
Тибқи моддаи 42–и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад. Дар ин меъёр эҳтимолияти донистани Конститутсия ва қонунҳо дар назар дошта мешавад. Давлати ҳуқуқбунёд, ки ба сатҳи баланди шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ва ҳар фарди он асос меёбад, бархурдории одамонро аз қонунҳо дар назар дорад. Аз ин лиҳоз, надонистани Конститутсия ва қонунҳо, аз ҷумла меъёрҳои конститутсионӣ дар хусуси ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дахлнопазирии шахсият, қадру номуси инсон ва меъёрои дигари конститутсионӣ, ҳамчун надонистани талаботи қонунҳо (Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси гражданӣ, Кодекси оила ва ғайра) асоси истиснои ҷавобгарии ҳуқуқӣ шуда наметавонад.
Истиқлолияти давлат таҳкими амният ва ҳимояи онро тақозо мекунад. Истиқлолияти давлат ва манфиатҳои давлати соҳибистиқлол дар ҳолати таъмини амният, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар амри воқеӣ мегарданд. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният»; «Амният ҳолати муҳофизати манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷомеа ва давлат аз таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошад».
Шаҳрвандон якҷоя бо ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, мақомоти амният, идораи дигари давлатӣ, иттиҳодияҳо системаи амниятро ташкил медиҳанд. Ба ҳамин хусус шаҳрвандон мисли дигар субъектҳо дар таъмини амният иштирок намуда, дорои ҳуқуқу вазифаҳо мебошанд. (КҶТ м. 43).
Дар тамоми давлатҳои ҷаҳон риояи меъёрҳои санадҳои меъёри ҳуқуқӣ принсипи хатмӣ дошта, ба хеҷ кас вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқ дар ҷомеа иҷозат дода намешавад. Бо риояи қонун ҷамъият пеш мераваду суботи он таъмин карда мешавад. Аз ин лиҳоз, таъмини волоияти қонун вазифаи аввалиндараҷаи давлат мебошад.
Амалҳое, ки аз ҷониби шахсони алоҳида ва гурӯҳи муташаккили ҷионятӣ дар ВМКБ ба вуқӯъ пайвастааст, шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ташвиш оварда, ба зиндагии осоиштаи мардуми вилоят таъсири манфӣ расонид.
Худи ташкил ва иштироки нафарон ба гирдиҳамоӣ, ки ғайриқонунӣ буд ин пеш аз ҳама дидаву дониста вайрон кардани қонун аст. Бояд зикр намуд, ки имрӯз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи мамлакат қодир ҳастанд, ки ҳамагуна қонуншиканиро – чӣ аз ҷониби шаҳрванд ва чӣ аз ҷониби кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ мешавад мавриди тафтиш қарор дода, нисбати нафарони вайрон кардаи қонун ҷазоҳои пешбинишударо муайян намоянд. Бинобарон «худсудкунӣ»-и Зиёбеков Г.З. ва ҳаммаслаконаш ин пеш аз ҳама ҷинояти вазнин мебошад.
Гирдиҳамоии ғайриқонунии ш. Хоруғ ин пеш аз ҳама аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ташкил шуд, ки онҳо бо вайрон кардани тартибот ва бо ин роҳ таваҷҷӯҳро ба дигар тараф кашида, амалҳои ғаразноки худро рӯйпӯш кардани шуданд. Он ҷое, ки гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ амал мекунанд чунин гирдиҳамоии ғайриқонунӣ мунтазам ташкил мешавад. Ба ин асос шуда метавонад гирдиҳамоие, ки дар назди сафоратхонаи ҶТ дар ФР аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ташкилшуда. Онҳоро пеш аз ҳама хоинони миллат аз берун истода, бо гапу хабарҳои бардурӯғ ба он ҷо даъват намудаанд.
Ҳамин тавр, таъмини волоияти қонун асоси пешравии ҷомеа ва суботи кишвар буда, бояд ҳамаи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар доираи қонун ҳаллу фасл гардад. Мо боварии комил дорем, ки мардуми ВМКБ ва умуман мардуми шарифи Тоҷикистон қонундон, сабур ва донишманду хирадманд ҳастанд, ки нисбати қазияи ба вуқӯъ пайваста андеша карда, минбаъд низ меъёрҳои қонунро риоя мекунанд ва барои пешравии Тоҷикистони азиз кушишу ғайрат мекунанд.
Каримов Р.А., н.и.и., дотсент, мудири кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ