Дастоварди варзишӣ

Донишҷӯи соли чоруми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди гӯштини камарбандӣ, тарзи классикӣ ва озод байни ҷавонон дар вазни 68 кг соҳиби ғолибият гардид. Сомон Сайфуллоев дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бар панҷ ҳарифаш дастболо гардида, сазовори ҷойи авввал шуд.

Мусобиқаи мазкур ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он варзишгарон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ширкат намуданд. Барои пирӯзӣ дар мусобиқаи мазкур донишҷӯи ДДҲБСТ бо медалу дипломи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки донишҷӯи дигари донишгоҳ Сомон Сафараминзода дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди ҷудо ширкат варзида, дар ин мусобиқа ба гирифтани мақоми ифтихорӣ шарафёб шуда буд. Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ӯ ба гирифтани ҷойи сеюм бо димлому медал қадршиносӣ карда шуд.

Пирӯзиву дастовардҳои донишҷӯён дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ гувоҳи шароиту имкониятҳои хуби фароҳамовардаи раёсати донишгоҳ дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мебошад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like