Саноатикунонии босуръат – асоси ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ

 

10 декабри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ–назариявӣ дар мавзўи «Саноатикунонии босуръат – асоси ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ», бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар кори конференсия коршиносон, олимон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул намуд, ки он барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина амиқ мегузорад, иброз намуд ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода дар оғози кори конференсияи ҷумҳуриявӣ.

Дар идома сардори раёсати рушди соҳаҳои саноат ва инфрасохтори сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аброри Шукуҳиддин дар мавзӯи “Рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ”,  профессори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Раҳмон Улмасов таҳти номи “Манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар ҳошияи муҳоҷирати ҷаҳонӣ: алоқамандӣ ва ҳамкориҳо” тариқи онлайн, муовини ректор оид ба таълими  ДКМТ Замониддин Насриддинов таҳти унвони “Потенсиали конҳои канданиҳои фоиданоки вилояти Суғд дар ҳошияи саноатикунонии босуръати кишвар”, роҳбари ҶДММ “Хадид”-и шаҳри Истаравшан Мавлон Худойбердиев бо номи “Рушди устувори корхонаҳои саноатии шаҳри Истаравшан дар низоми таъмини рақобатпазирии саноати миллӣ”, мудири шуъбаи корҳои илмию таҳқиқотӣ ва нашрияҳои даврии филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Насиба Шаропова дар мавзӯи “Рушди соҳибкории саноатӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва докторанти курси аввали ДДҲБСТ Муҳиба Ҳасанова дар мавзӯи “Таъсири инқилоби “Саноати 4.0”ба вазъи саноатикунонии мамлакат дар шароити рақамикунонӣ” маърӯзаҳо ироа намуданд.

Қайд шуд, ки дар соҳаи саноати ҷумҳурӣ барномаҳои зиёди рушд амалӣ гардида истодаанд, ки ҳадафи асосии онҳо навсозии корхонаҳои пешину бунёди корхонаҳои нав, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нав, таъсиси ҷойҳои нави кор, тақвияти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ буда, барои гузариши иқтисодиёти кишвар аз иқтисоди аграрӣ – саноатӣ ба индустриалӣ – аграрӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри ниҳоӣ замина мегузоранд.

Ҳадафи конференсия ташкили муҳокимаи конструктивӣ  оид ба масъалаҳои назариявию амалии таъмини саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун асоси ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ арзёбӣ карда шуд.

Дар доираи бахшҳои кори конференсия муҳокимаи мавзўъҳои рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ; манбаъҳои молиявии саноатикунонии босуръат дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; такмили менеҷменти корхонаҳои саноатӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ; таъмини  сармоягузории саноатикунонии босуръат дар иқтисодиёти миллӣ; асосҳои институтсионалии (институтҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, ташкилӣ) саноатикунонии босуръат ва такмили онҳо; омилҳои таъсиррасон ба механизмҳои ташаккули иқтисоди инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; афзалиятҳо дар танзими давлатии рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон; рушди соҳибкории саноатӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; хатарҳои ҷаҳонӣ ва рушди модели инноватсионӣ; танзими андозию буҷетии рушди саноатию  инноватсионӣ; фаъолнокии инноватсионии сохторҳои соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо дар назар аст.

Дар анҷоми конференсияи ҷумҳуриявӣ ба як қатор кормандону устодон унвонҳои Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм ва Сипосномаҳои раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.

 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like