САҲМИ ҶАВОНОН ДАР ПЕШРАФТИ КИШВАР

Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ рўйдодҳои бисёр пуртаҳлукаю ҳассоси таърихиро пушти сар намуд. Дастовардҳои имрўзаи даврони соҳибистиқлолӣ насли ҷавонро ба суботу созандагӣ ҳидоят менамояд. Ин тасмими арзишманд кишварамонро ба рушди босуботи амнияти комил ва касб намудани обрўву эътибори арзанда дар арсаи байналмилалӣ ноил гардонд, ки бе муҳобот, дар ниҳоди насли ҷавон нерўву тавоноӣ ва умед мебахшад.

Ҳарчанд, давраҳои тақдирсози кишварамон бо хотираҳои ибратомўзу таърихӣ пушти сар шуданд, вале дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ҳифзи манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ назди мо – ҷавонон, вазифаҳое истодаанд, ки иҷрои онҳо баҳри таҳкими Истиқлолият ва бақои давлату миллат аҳамияти бузург доранд. Бо қавле Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон « … пеш аз ҳама бояд сари ин проблема андеша кунем, ки дар давраҳои хеле ҳассоси тезутунд шудани муносибатҳои байни абарқудратҳо барои ҷорӣ намудани низоми нави ҷаҳондорӣ дар ҷомеа, мо барои ҳифзи сарвати бузургтарин ва бебаҳои худ, яъне Ватан ва истиқлолияти миллӣ муттаҳид бошем, барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатии худ зиракиро аз даст надиҳем».

Дар чунин шароит зарур аст, ки асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро ғояи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандўстиву ватанпарастӣ, таъмини амният, ҳифзи тамомияти арзӣ ва татбиқи манфиатҳои умумимиллӣ ташкил диҳанд. Барои насли ҷавони имрўз арзишҳои умумимиллии Тоҷикистон ва ҳифзи онҳо бояд аз ҳама гуна манфиатҳо боло истад, бо роҳу усули ҷавобгўи талабот онҳо пойдевори тарбияи ватандўстии ҷавононро фаро гиранд.

Таҷрибаи сиёсии ҷаҳони муосир собит месозад, ки иқтисодиёти устувор ва ҳатто артиши пуриқтидори замонавӣ наметавонад амнияти давлатро ба таври бояду шояд таъмин намояд. Дар ин дигаргуниҳои сиёсӣ ва хатарҳои умумибашарӣ танҳо давлатҳое амнияти худ ва осоиштагии мардумро аз чунин фоҷеаҳо эмин дошта метавонанд, ки сиёсати озмудашударо бо пуштибонии халқи дорои хирад ва зиракии сиёсӣ амалӣ намоянд. Дар акси ҳол, вазъи кишварҳои Сурия, Ироқ ва Либия далели бараълоест, ки аз паст будани сатҳи рушди маърифати сиёсии аксари сокинон, аз ҷумла ҷавонон ба оқибати фалаҷ гардидани амнияту субот овардааст.

Бархе аз таҳлилгарон ва сиёсатмадорон бар он ақидаанд, ки сокинони кишварҳои мазкур дорои зиракии сиёсианд, вале онҳоро дахолати баъзе аз кишварҳои хориҷӣ ба ин ҳол гирифтор намуд. Пас, дар ин ҷо суоле ба миён меояд: кӣ ва чӣ онҳоро ба ин ҳол гирифтор намудааст? Агар онҳо дорои донишҳои хуби сиёсианд, чаро ватани худро ба чунин ҳол гирифтор кардаанд? Магар касро ба роҳи бад бо зурӣ бурда мешавад?

Вале, собит шудааст, ки ҳама гуна амалҳои манфӣ паёмадаш вобаста аз заъфи донишҳои сиёсӣ аст. Бинобар ин, Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ҳамеша ҳушдор медиҳанд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Мутаассифона, имрўз бархе аз ҷавонони ноогоҳ ва гумроҳи мо низ ба амалҳои номатлуб, аз қабили ифротгароӣ ва хусумати мазҳабӣ даст зада, бо даъвати ашхоси иғвогари ҷиноятпеша барои иштирок дар муқовимати мазҳабӣ ба давлатҳои хориҷа сафар намуда, дигаронро низ мехоҳанд ба ин роҳ раҳнамоӣ кунанд. Чунин кирдорҳои ҷиноятпеша муқобили миллати мо буда, ҳимоя  ё пешгирии он имрўз хусусияти умумимиллӣ касб намудааст.

Ҷавонон бояд дар хотир дошта бошанд, ки пуштибонӣ аз чунин амалҳои номатлуб мисли экстремистию террористӣ иштибоҳи бузург ва хиёнат ба давлату миллат буда, баръакс мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва экстремизм ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва истиқлолияти кишвар вазифаи муқаддаси ҳар фарди бонангу номус мебошад.

Таърихи тамаддун ва дастовардҳои арзандаи кишварҳои абарқудрату мутамаддин гувоҳӣ медиҳад, ки омўзонидани насли ҷавон, фароҳам овардани имконоти ташаккулёбӣ ва муҳайё намудани шароитҳое, ки ба рушди зеҳниву ҷисмонии онҳо замина мегузорад, асоси рушду пешрафти ҳар кишвар мебошад. Вобаста ба он ки насли ҷавон ба сифати як нерўи пуриқтидори бунёдкору пешбаранда эътироф шудааст, мақоми сиёсию иҷтимоии он низ на фақат нерўи демократии давлатро, балки хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи тараққиёт ва ояндаи кишварро муайян менамояд. Маҳз ҳамин ҷанбаҳои муҳимму тақдирсози кишварамонро ба асос гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-умро «Соли ҷавонон» эълон намуданд. Вале ин на ба он маъност, ки Ҳукумати кишвар танҳо соли 2017 ба масъалаи ҷавонон рў меорад, балки сиёсати ҷавонон таҳкурсии сиёсати давраи Истиқлолиятро ташкил медиҳад. Зеро, Тоҷикистон дар миқёси давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ аввалин шуда, 13 марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул намудааст.

Дар гузашта миёни мардум ақидае ҷой дошт, ки ватандўст будан ин ҷонфидоӣ барои Ватан аст. Барҳақ, ин андеша дуруст аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки ватандўстӣ аз амалҳои хурдтарини ҳар як шахс метавонад маншаъ гирад, аз ҷумла доштани оилаи хуб, мутахассиси хуби соҳа шудан, касбомўзӣ ва дар маҷмўъ, амале, ки манфиатбахшу фоидаовар бошад, ва ҳатто басанда аст, ки зарар  нарасад. Ҳар лаҳза бо ғурури ҷавонмардӣ мутмаинем, ки бо Ватани худ ифтихор дорем. Барҳақ, аз Ватан ифтихор кардан хуб аст, вале беҳтар он аст, ки Ватан аз мо, аз рафтору кирдор, дастоварду ташаббусҳо, корҳои созандагиву бунёдкории мо – ҷавонон насли ояндасози меҳан ифтихор намояд.

Салимова М.М. – дотсент, мудири кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ

You might also like